20 майи соли равон дар натиҷаи таркиши балони газ дар бозори марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон 28 нафар захмӣ шуда, дар Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур бистарӣ гардиданд.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо супориши вазир як қатор мутахассисони варзида ва сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Амирзода Абдухолиқ барои табобати осебдидагони ин ҳодиса ба ноҳияи Панҷ сафарбар карда шудаанд.
"Айни ҳол 8 нафар дар шуъбаи наҷҷот бо ҳолати вазнин бистарӣ мебошанд. Муассиса пурра бо маводди доруворӣ, банду баст, безараргардонӣ ва хуну ҷузъҳои он таъмин карда шуда, барои ташхис ва табобати осебдидагон тамоми шароит, муҳаё карда шудааст",-иттилоъ дод манбаъ.
Гуфта шуд, ки вазъи саломатии осебдидагони ин ҳодиса таҳти назорати қатъии табибон, махсусан роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат қарор дорад.