Ба қавли асосгузори «Гуччи», Гуччи - авлоди онҳо аз Флоренсияи Италия буда, таърихи ин авлод тақрибан аз соли 1410 бармеояд.
Асосгузори Гуччи кист?
Бренди муд аз ҷониби Гуччо Гуччи - тарроҳ ва соҳибкори итолиёвӣ таъсис гаштааст. Ӯ соли 1881 дар Флоренсияи Италия ба дунё омадааст. Волидони вай, Габриэлло Гуччи ва Елена Сантини устоҳои чармгар буданд. Гуччо фаъолияти ҳирфаии худро аз меҳмонсаройҳои бонуфузу бутикҳои муди Лондон, ки дар самти сайёҳӣ ва туризм машҳур буданд, оғоз намуд, ва он имкон дод услубашро сайқал дода, зариф гардад. Ӯ дар меҳмонсарои фохири лондонии Savoy кор мекард. Онҷо Гуччи даҳ сол монда, вазифаи лифтёрӣ ва боркаршониро иҷро мекард. Бору бағоҷи мизоҷони давлатмандро фароварда, аз завқу фаросати онҳо дар муд, ва сифати либосаву матоъҳои онҳоро меомӯхт.
Зери таассуроти мусофирони меҳсонсарои сатҳи олӣ монда, Гуччо қарор дод, аз Лондон ба ватанаш бармегардад. Аз ин замон таърихи хонаи муди Гуччи оғоз меёбад. Гуччи барои бренд на як сол заҳмат кашид, дар ин кор ба вай ҳамсараш – Аида Калвелли кӯмак мекард, ки соли 1901 бо ӯ издивоҷ карда буд. Хизмати калонро фарзандони онҳо – Васко Алдо, Уго ва Родолфо карданд. ҳамагӣ дар оилаи Гуччи 6 фарзан буд. Писараш Энсо дар тифлиаш вафот карда буду духтараш Грималда аз касби оилавӣ канор меистод. Аз ҳама бештар дар рушди бренд Алдо Гуччӣ мароқ зоҳир мекард. Маҳз вай нишонаи хонаи мудро пешниҳод кард, ки аз ду ҳарфи “G”-и ба якдигар часпида мебошад, иборат аст. Гуччо зиёда аз 30 сол аз болои бренди худ кор мебурд. Ӯ соли 1953 дар Милан вафот кард. Бизнеси оилавӣ ба писарони тарроҳ гузашту ҷиддӣ вусъат пайдо намуд. Ворисон хеле заҳмат кашида, филиалҳои байналмилалӣ кушоданд, хати ширкатро вусъат дода, истеҳсолотро чандсамта карданд.
Асосгузори бренд дар олами муд нақши босазо монд. Дар Флоренсия осорхона – музейи бренли Gucci мавҷуд аст, ки ба таърихи ташкилёбии он бахшида шудааст.
Аз чармгарӣ то ба маснуоти заргарӣ
Гуччо Гуччи зери таассуроти мушоҳидаҳо ва илҳом аз анъанаҳои касби падарӣ – чармгарӣ тавонист як ширкати муди пурқуввату бонуфузи ҷаҳониро таъсис диҳад. Ӯ бренди худро соли 1921 дар Флоренсия ташкил кард. аввалҳо ӯ ба офаридани сумкаҳо ва пойафзоли чармӣ оғоз карда, бо мурури замон маҷмуаи маҳсулоташ афзуда, ба офаридани пероҳанҳо ва маҳсулоти заргарӣ ҳам сар кард. Ба солҳои 1937 мағозаи на чандон калон то ба фабрика расида, соли 1938 нахустин бутики Гуччӣ дар Рим кушода шуд. Баъди марги Гуччо, кору бори ӯ ба писаронаш – Алдо ва Родолфо гузашта, ҳарду 50 фоизии ширкатро соҳиб шуданд.
Альдо ва Родольфо Гуччи
Алдо аз Италия ба Иолоти Муттаҳидаи Америка ҳиҷрат карда, дар Ню Йорк мағозаҳои худро кушод, сипас дар Париж, Гонконг, Сеул, ва Токио. Соли 1977 писари худ – Паолоро муовини президент ва мудири “Гуччи Шопс ва Гуччи парфюмс” (Gucci Shops Inc и Gucci Parfums) таъйин кард.
Родолфо, дар Италия монда, идораи истеҳсолоти атториро аз даст дода, ҳамагӣ 20 фоизи саҳмияҳо насибаш монд. Соли 1978 Паоло хост истеҳсолотро вусъат диҳад, аммо амакаш ӯро аз қисмати итолиёвии ширкат дур карда буд, зеро Рудолфо мехост истеҳсолоти истисноии сифати заргаридоштаи кори дастиро нигоҳ дорад. Ҳамин тавр, байни Паоло ва Рудолфо муноқиша сар зад. Охири солҳои 70-ум хусумати оилавӣ сабаби қариб муфлисшавии ширкатро ба миён овард.
Ба истеҳсолот мондани риштаи лавозимоти ороишӣ – аксессуарҳо, аз қабили оташагезак, ручкаҳо, косметичкаҳо, ки аз аксессуарҳои асосӣ арзонтар меистоданд, ширкатро ба ҳолати мураккаб гирифтор кард. Фоизи фурӯши маҳсулоти мунҳисра (эксклюзивные) тез поён рафт, мағозаҳоро чизмайдаҳои кӯчаки арзон аз “Гуччи” пур карда буданд.
Соли 1983 Родолфо оламро тарк карда, ҳиссаи ӯ ба писараш – Маурисио Гуччи гузашт. Ин боз ба як муноқишаи оилавӣ оғоз бахшид. Ворисони боқимондаи Гуччи қарор доданд ширкатро тарк кунанд, ва нахустин бор дар солҳои охир сари ширкат танҳо як нафар – Маурисио Гуччи меистод.
Маурисио Гуччи
Охири соли 1987 Паоло ҳиссаи худро дар Гуччи ба ширкати Инвесткорп (Investcorp) фурӯхту Гуччи яке аз ширкатҳои сердаромади соҳаи муд дар тамоми ҷаҳон гардид. Баъдан, ширкат ҷамъиятӣ гашта, саҳмия мебаровардагӣ шуд. Барои ки ширкатро воқеан бузург гардонад, Маурисио ба Доун Мело, ки солҳои 1970 Ню Йоркс Бергдорф Гудманро (New York’s Bergdorf Goodman) эҳё карда буд, вазифаи муовини президент ва директори эҷодии Гуччиро пешниҳод кард.
Ба Хонаи муд тарроҳон – Келвин Кляйн ва Том Фордро даъват карданд. Роҳбарияти Гуччи Америка (Gucci America) ва саҳҳомони Инвесткорп (Investcorp) аз роҳбарии Маурисио қаноатманд набуданд, ва ӯро барканор карданд.
Соли 1993 соҳибкор маҷбур шуд ҳиссаи худро дар бизнеси оилавӣ фурӯшад. Соли 1995 ӯ нобуд шуд.
Кӣ Гуччиро қатл кард?
Ӯ аз тарафи қотили фармоишгирифта, бо номи Бередетто Черауло парронда шуд. Тавре баъд маълум шуд, қотилро собиқ занаш Патрисия Реҷанни равон карда буд. Газетаи Ню Йорк Таймс (The New York Times) нависта буд, ки зан ба 29 сол маҳкум шуда буд. Пас аз ин ҳодисаи ғамангез марҳилаи нав дар таърихи хонаи муди итолиёвӣ оғоз гардид.
Рушди муосири Гуччи
Кӣ брендро роҳбарӣ мекард?
Ин замон мудири иҷроия ва президенти ширкат Доменико Де Соле шуда буду, сипас, муноқишаи судӣ оғоз гашт, ки кӣ назорати бренди Гуччиро ба ӯҳда мегирад.
Соли 1999 ширкатро конгромерат- ташкилоти тавлидии Пино Пранто Реду PPR (Pinault-Printemps-Redoute) ба даст овард.
Соҳиби Гуччи ҳоло кист?
PPR баъдтар Керинг (Kering) ном гирифт. Пас аз ин, Гуччи қисмати гурӯҳи Kering гашта, ба маҷмуаи брендҳои бонуфузи мӯд дохил карда шуд. Ҳоло брендро гурӯҳи роҳбароне, ки Kering таъйин кардааст, идора мекунанд.
Роҳбарияти эҷодӣ дар бренд ҳамеша афзалиятнок ба ҳисоб мерафт. Соли 2003 ширкат хисороти бузург дод, вақте Том Форд брендро тарк кард. Гуччи тавонист Фрида Жанини ва Алессандра Факкинеттиро нигоҳ дорад. Алессандра вазифаи директори эҷодии либосаи занонаро соҳиб шуда, Жанинни коркарди лавозимоти ороишии занонаву мардонаи брендро ҷавобгар шуд. Фрида дар ширкати Гуччи то соли 2015 фаъолият кард. То охири таърихи ба итмом расидани шартнома як моҳ мондан, ӯ аз истеъфояш хабар кард. Ҷойи вайро Алессандро Микеле гирифт.
Алессандро Микеле
Ивази вазифаву ҷойҳо ба шуҳрати бренд таъсир нарасонд. Он то ҳол яке аз шинохтатарин, ва талабгордоштатарин бренд дар соҳаи муд боқӣ мемонад.
Gucci бо сифати баланди молу маҳсулот ва тарҳи навоваронааш фарқкунанда аст. Ин хонаи муд маҷмуаҳои беназир офарида, он дар худ унсурҳои классикӣ бо трендҳои замонавиро хеле моҳирона тавъам мегардонад. Ин брендро барои нақшҳои аслӣ, рангҳои равшан ва ҷузъиёти барҷастааш дӯст медоранд. Ширкат ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ҳамқадами замона бошад. Соли 2017 бренд эълон кард, ки аз истеҳсоли либостҳо аз пашми табиӣ даст мекашад, ин ба хотири ҳифзи ҳайвонот равона гашта буд.
Соли 2022 бренд дар рӯйхати “Брендҳои аз ҳама қиммат” ҷои 3-юмро ишғол кард. Нархи ширкат дар бозори савдо – 18 миллиард долларро ташкил медиҳад. Шуҳрати Гуччи аз минбарҳои муди баланд фаррохтар баромада, тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Гуччи тамоми бозору марказҳои савдоҳои ҷаҳониро бо маҳсулоти худ пур карда, ба ҳаводорони зебоии классикӣ ва дӯстдорони зуҳуроти муди замонавӣ, ки тавассути он худро ифода мекунанд, маҷмуаи либосу ороишотро пешкаш мегардонад.
Таҳияи Л. А.