Аҷаб таззодҳое дорад зиндагӣ, намедонӣ, ки фардо туро чӣ интизор аст? Аммо сад афсӯс дар миёни мардум инсонҳое ҳастанд, ки барои онҳо ягон шикасту рехти ҳаёт дарс намешавад, имон надоранд, аз Худо наметарсанд ва оқибат ба чоҳи шармандагӣ меафтанд.
Дилёра дар хонадоне ба воя расида буд, ки он ҷо даҳ фарзанд тарбия меёфт, падари меҳнатияш шабу рӯз сари чанбараки трактори совхоз заҳмат мекашид, на шаб хоб дошту на рӯз роҳат то барои фарзандонаш мояи зиндагӣ пайдо кунад. Рӯзи модари муштипараш бошад, пушти корҳои хона талаф меёфт. Дилёра шаш бародар дошту се апа, худаш духтари хурдии хонаводаи серғавғо буд. Дар деҳот бо шухӣ мегӯянд, ки «Худованд хуки ҷангалат кунаду хурди хонадон не», Дилёра ҳам аз ҳамин шумул буд. Бечора духтарак ҳаргиз рӯйи либоси навро намедид, фақат кӯҳнаколаи апаҳояшро мепӯшид ва онҳоро як дараҷа бад ҳам медид. Духтарак мудом бо модараш ҷанг мекард, ки шумо маро дӯст намедореду ягон бор бароям куртаи нав намехаред, модараш барои дили духтаракаш шуда, гоҳе аз рӯймолҳои шол ё ягон пораи матои зиёдатӣ курта медӯхт ва сари ӯро ба осмон мерасонд. Дилёра як одати бад дошт, ки росту дурӯғ таъриф мекард, ҳамеша он чизеро, ки надошту доштан мехост дар таърифҳояш ҷо мекард. Боре ҳодисаи аҷибе шуд…
Маъмурияти совхоз ба падараш байрақи калони сурхеро доданд, ки дар болои тракторат овезу ба кор баро, яъне ба ифтихори чил рӯзи меҳнати зарбдор. Падари коркуфтааш инро фаромӯш карду рӯзи дигар модараш ба ин матои сурхи пурҷило нигоҳ карда, ба хулосае омад, ки аз он барои Дилёра курта медӯзад. Модар ноогоҳ матоъро аз пеши ҷевони ҷойи хоби шавҳараш ёфта, гумон кардааст, ки чун ҳарвақта ба ӯ мукофот додаанд. Рӯзи дигар Дилёра ба куртаи сурхи лолагӣ, ки дар пешаш сурати досу болға дошт, ба мактаб рафту мардум аз ханда рӯдакан шуданд. Устодон барои гап нашунидани падараш зуд парчами зиндаро ба хонаи муаллимон дароварданду модарашро даъват намуданд, чӣ қадар ашк рехт Дилёра! Ва аз ҳамон рӯз ба номаш пасванди байрақ зам шуд ва Дилёраи байрақаш мегуфтанд. Дилёра мактабро хатм кард, ҳама апаҳояш шавҳар карданд, бародаронаш зан гирифтанд, аммо Дилёра харидор надошт. Духтарак ҳамеша Худоро зорӣ мекард, ки шавҳаре ёбад, ки ӯро аз ин деҳаи кӯҳистон ба шаҳр барад ва ӯ дигар қадамашро ба ин деҳа намемонад! Ҳамин хел ҷавон ҳам ёфт шуд, Яҳё-писари як хеши дури падараш. Ба Яҳёи қоқи бенамуд, ягон духтари деҳа зан шудан нахост, вале волидони Дилёра бе дудилагӣ розӣ шуданд ба ин издивоҷ, зеро духтарашон дигар харидоре надошт. Яҳё Донишгоҳи санъатро хатм намуда буду аз рӯйи доиранавозӣ нони хӯрдан меёфт, чун соҳиби зан шуд, ҳамсари пирдухтари мисли худаш қоқи бенамудашро гирифта, ба хобгоҳаки бӯини канори шаҳр овард. Ана акнун Худо ба Дилёра дода буд…
Ӯ ҳамин, ки ба деҳа равад, кулбаяки вайронаи хобгоҳро қасри шоҳона, Яҳёи доиразанро бошад, бастакори аср нишон дода, таъриф мекарду таъриф мекард. Акнун мардуми деҳа номашро фаромӯш карда, ӯро байрақи таърифак мегуфтанд. Карераи Яҳё дар 45- солагӣ аз дойранавозӣ ба он расид, ки дар баъзе тӯйҳои мардуми камбағал барандагӣ низ мекард. Дилёра пеши як дӯзанда шогирд истода, дӯхтанро ёд гирифт, акнун дар ҳама ҷо зану шӯ дукаса таъриф мекарданд, ки либосҳои ситораҳои саҳнаву зани вазиру кабирро Дилёрахонум медӯзад! Дар Душанбе мисли ӯ дӯзандаи чирадаст куҷо?! Ин ҷуфти таърифак дар тули бист соли зиндагӣ соҳиби ду фарзанд шуданду дар бистсолагии духтарашон соҳиби як хонаи якҳуҷрагӣ. Духтарашон ба коллеҷҷи тиббӣ дохил шуду зану шӯ гӯши ҳамаро кар карданд, ки чӣ гуна духтари боодобу намунаву нозанину дилоро доранд, шояд ба ин ҳам касе аҳмият намедод, вале…
Ҳамроҳи духтари Дилёраву Яҳё, Дилнура аз деҳаашон духтараки камбағале таҳсил мекард. Дилёра ба духтараш фармон дод, ки накунаду ба ҳамун қишлоқӣ дугона шавӣ-а! Гӯё, ки худаш дар шаҳр ба дунё омадаву ҳамин ҷо ба воя расида бошад. Дилнура, ки аз падару модараш монданӣ надошт, ҳамдеҳаашро назараш намегирифт. Ана ҳамин духтарак бо як ҷавони сарватманде риштаи муҳаббат мебандад, аммо волидайни ҷавон қатъиян зидди ин издивоҷ мебароянд. Дилнура дар бораи Замира ва ишқи ӯ бо ҷавони сарватманд ба модараш нақл мекарду модараш бошад, духтараки бегуноҳро сад тӯҳмат карда, назди ҳамдеҳаҳо сиёҳ мекард. Баъдҳо хоҳари Яҳё хост Замираро келин кунад, аммо Дилёра бо сад қасам «исбот» кард, ки Замира доманбохта аст. Оқибат ин бӯҳтонҳои беасос ба гӯши холаи Замира, ки духтарак он ҷо истиқомат мекард, расиду як бегоҳ ба хонаи Дилёра омада гуфт:
-Дилёра, мо ҳамдеҳаем, аз як обу боду ҳаво нафас кашида, ба воя расидаем, пайванди дури хешу таборӣ ҳам дорем, ту шарм намедорӣ дар ҳаққи духтари хоҳари ман чунин тӯҳмату бӯҳтонро паҳн мекунӣ? Дилёра ҳамроҳи шавҳари занакчааш Яҳё занро гирёну бирён карда, аз дари хонаашон ронданд. Холаи Замира гуфт, ки ту худат ҳам духтар дорӣ, аз Худо тарс, аммо таърифак бо заҳрханда гуфт:
-Духтар калон кардана аз ман ёд гиред! Духтари ман духтари шаҳр аст, ҳар лоху пуста назараш намегирад, ин қишлоқиҳакои шумо, омада мебинанду ҳушашон меравад. Баъд аз ду моҳи ин ҳодиса Замираро холааш келин кард ва баъди хатми коллеҷ писархолааш ӯро ба Маскав бурд. Дилёра ба духтаре, ки ҳатто ӯро намешинохту ба ҳафт пушташ кор надошт, аз ҳамин ҷо истода санги маломат мезад, дар ҳаққаш туҳмат мекард.
Дилнура мисли модараш пир шуд, умраш сарҳади сиро убур карду баъд як хостгор пайдо шуд ва таърифак бо сад ҷон пирдухтарашро ба шавҳар дод. Домоди аз як зан ҷудошудаи сартарошашро тоҷиру падари носфурӯши ӯро раиси бозор, модари санитаркаашро духтур гуфта, муаррифӣ намуд. Тӯй ҳам хуб гузашт, ҷуфти таърифак ҳа гуфта рақсиданду бозиданд, аммо субҳи дигар….
Пирарӯси пеши чашмаш сиёҳу як бари рӯяш харошидагиро оварда, пеши подездашон сар дода рафтанд, танҳо қудои носфурӯшаш ба Яҳё занг зада гуфт:
-Духтари шармандаатро гир!
Шояд барои ҳамин мегӯянд, ки ханда бор асту таъна савор?! Забонро нигоҳ доштан даркор, чунки гардиши дигари зиндагиро намедонем!
Дилошӯб