Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар 6 моҳи имсол тақрибан 500 мавриди “машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро” ошкор кардаанд. Дар ин миён фақат дар шаҳри Душанбе 84 нафарро барои фолбинӣ, ки дар кишвар манъ аст, ҷарима баста, 6 нафарро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд.
Моҳи июни соли гузашта дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ҷазои сахт таъйин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ, барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ аввал ҷарима мебанданд, вале агар касе аз ин таҷриба даст накашид ва такрор кард, мумкин аст ҳазорон доллар ҷарима супорад ва ё то ду соли умрашро паси панҷара сипарӣ кунад.
Аз моҳи июни соли 2024 то кунун маъракаи васеъе бар зидди фолбинҳо дар Тоҷикистон идома дорад ва пайваста дар телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои боздошти онҳоеро намоиш медиҳанд, ки ба қавли мақомот ба мардумфиребӣ машғул ҳастанд.