Arzon march 2024
Тарбузи пухтаро аз хом чӣ тавр фарқ кардан мумкин аст?
2121

Дар фасли тобистон тарбуз хӯрдан хеле гуворо аст. Аҳли оилаи мо низ тарбузро дӯст медоранд. Қариб ҳар рӯз тарбуз мехарам, вале бештари вақт тарбузи харидаам хом, сафедчатоб ё бемазза мебарояд. Дар бораи интихоби тарбуз маълумот медодед, шод мегаштам.

МАНУЧЕҲР, аз Лучоб

Посух:

- Аксари харидорон дар интихоби тарбуз душворӣ мекашанд, зеро намедонанд чӣ тавр пухта ё хом будани онро муайян намоянд. Барои он ки фиреб нахӯред, тавсияҳои зеринро ба инобат бигиред:

1. Тарбузи пухтарасида калонҳаҷм буда, вазнаш нисбат ба андозаи тарбуз камтар аст. Ҳангоми харидорӣ тарбузи вазнаш нисбат ба ҳаҷмаш сабуктарро интихоб намоед.

2. Агар мавсими тарбуз каме гузашта бошад, аз ҳад зиёд сабукашро интихоб накунед, зеро тарбуз аз ҳад зиёд пухта расида бошад, обаш кам шуда, таркибаш монанди «пахол» мешавад.

3. Ҳангоми харидорӣ ба ранги тарбуз диққат диҳед. Ҳар қадаре, ки фарқ байни рангҳои равшан ва торики рахҳои тарбуз зиёдтар бошад, эҳтимоли сурх ва ширин будани тарбуз зиёд аст.

4. Пеш аз харидан тарбузро ламс карда дидан лозим аст. Ҳангоми бо пушти ангушт задан агар садои баландтар барорад, маълум мешавад, ки тарбуз пухтагӣ ва ширин аст.

5. Тарбузи пухтарасида дар он қисмати пӯчоқаш, ки ҳангоми нашъунамо ба замин хобида буд, доғи зард пайдо мекунад. Дар тарбузи хом бошад, ин доғҳо сафедтар мебошанд.

6. Тарбузи дербоз ба фурӯш нарафта аз тарбузи тару тоза бо он фарқ мекунад, ки рангаш хиратар шуда, ҳангоми даст кардан мулоимтар мебошад. Тарбузи тару тоза баръакс, рангаш равшан ва тарангтар аст.

Тарбузро кай хӯрдан лозим аст?

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб беҳтарин вақти тановули тарбуз мобайни ду таом аст, яъне вақте ки таоми аввал ҳазм шуда бошад. Агар тарбузро аз болои таом бихӯранд, ҳазми онро вайрон мекунад.

Ин буд чанд маслиҳати муфид дар бораи тарбуз ва фоидаи он ба саломатии инсон. Тарбуз хӯред ва солим бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД