Гурдаҳоям намак доранд. Модарам ба ман бештар тарбуз хӯрданро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки тарбуз дар ҳақиқат ба саломатии инсон ягон фоида дорад ё не?
Заррина, сокини шаҳри Душанбе
Посух
Тарбуз натанҳо хушмазза аст, балки ба саломатии инсон фоидаҳои зиёде дорад. Барои афроде, ки дар тобистон дучори гармозадагӣ мешаванд, нӯшидани оби тарбуз бо каме гулоб хеле муфид аст. Хосияти зиддиуфуникунандагӣ (зидди инфексия) дошта, бадан ва рӯдаҳоро пок месозад.
Тарбуз 90 дар сад аз об иборат буда, барои рафъи ташнагӣ бисёр муфид аст. Ҳеҷ мевае то ин андоза об надорад. Чун тарбуз дорои миқдори хеле каме садим аст, оби зиёде аз бадан дафъ мешавад ва барои касоне, ки нороҳатии гурда ва афроде, ки пешоби ғализ ва зардранг бо бӯи тез доранд, бо нӯшидани оби тарбуз ин мушкилро аз байн мебаранд.
Тарбуз ба хотири доштани витаминҳои С, А, бето-каротен ва ликопен, садамаҳоеро ки бар асари стресс, тамоку ва истеъмоли доруҳо ворид мешавад, коҳиш медиҳад. Илова бар ин, аз бемориҳои саратон (хусусан саратони простат) ва маризиҳои даврони пирӣ мисли олзоймер (алсгаймер) ва паркинсонро коҳиш медиҳад. Иллати ин маризиҳо радикалҳои озод ҳастанд.
Витаминҳои тарбуз хатари ҳамлаи ин гуна касалиҳоро ба бадан заиф мекунад.