formula55
Тарабхонаи «ЯККАСАРОЙ» оташ гирифт
4597

Яккасарой, яке аз тарабхонаҳои машҳур дар шаҳри Душанбе оташ гирифтааст. Сӯхтор тахминан ним соат пеш сар шуда, дар муддати хеле кӯтоҳ як қисми тарабхона ба коми оташ рафтааст.

Сӯхторхомӯшкунандагон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи ҳодиса ҳузур доранд ва аз пайи иҷрои вазифаҳои хидматии худ ҳастанд.
Тавре хабаргузории Азия плюс аз ҷои ҳодиса гузориш медиҳад, бо талош ва мушкилоти зиёд баъзе роҳаткурисоҳоро аз дохили бинои сӯхтаистода ба берун кашида истодаанд, аммо алангаи оташ хеле баланд ва наздик шудан ба бинои “якасарой” хавфнок мебошад.
Тақрибан 8 мошини сӯхторхомӯшкунӣ дар ин ҷо қарор дорад. Дида мешавад, ки сӯхтор аз қисмати тарабхонаи бино сурат гирифтааст ва ним соат мешавад, ки оташ аланга зада истодааст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД