Модарамон фавтиду баробари чилашро додан падарамон зани дигар гирифт, чунки мо хурд будем ва ниёз ба парасторию ғамхории модарона доштем. Падарам бо маслиҳати ҳамсинфонаш аз Ғарм арӯс оварда буд ва умед дошт, ки духтари деҳотӣ соҳиби зиндагии хушу гуворои шаҳриёна гашта ба қадри вай ва фарзандонаш мерасад, аммо хаёлаш хом баромад.
Зани ҷавони падарам бисёр маккору айёра баромад. Вай дар назди падарамон худашро меҳрубон нишон медоду дар набуданаш хоки сиёҳро ба сари мо бод менамуд. Додаронамро пучида-пучида маҷбур мекард, ки оғили молҳоро рӯбанд, мани хурдакакро бошад бо химчаи тар чунон мезад, ки фиғонам ба осмон дакка мехӯрд. Падарамон аз паси кору бори худаш овораю аз рафтори занаш хабардор набуд. Моро кору бори зиндагӣ афгор намуда бошад ҳам, ҷуръат намекардем, ки найрангҳои моиндарамонро ба падарам гӯем. Метарсидем, ки падарамон дубора бадбахт мешавад. Хешу таборони моиндарам тез-тез ба хонаи мо меомаданд. Вай Акмал ном як додари авбошнамо дошт ва ин ҷавони шилқин ба ман чашм ало мекард. Суханҳояшро сафсата мепиндоштам, вале як шаб дар хонаамон меҳмон бисёр шуду моиндарам ҷогаҳи ҳамин Акмалро дар хонаи хоби мо андохт. Шаб хоб дидам, ки касе ба танам хор мехалад.
Тарсида бедор шудаму ҳуш аз сарам парид, Акмал либосҳои маро аз танам мекашид. Хостам фарёд занам, вале вай бо дастони пурзӯраш даҳонамро маҳкам карда, маро бо тамоми қувват ба бистар зер кард. Ҳарчанд кӯшиш кардам, аз чанги ин дев раҳоӣ ёфта натавонистам, Акмал номусамро доғдор кард. Ин авбош бар замми кирдори разилонааш боз дар ҳама ҷо маро нодухтар эълон карда, шармсору шарманда намуд. Овозаи нангин ба гӯши падарам ҳам расид ва маро ба беморхона бурд, то даҳони бадгӯёнро бо коғази духтур бандад, зеро боварии комил дошт, ки духтараш бачабозу бероҳаю бадгашт нест. Баробари ба дари беморхона расидан мисли гӯсфанде, ки сарашро аз танаш ҷудо кардан мехоҳанд, дар талвоса афтидам. Падарам ҳарчанд кӯшиш кард, ки маро ба духтур нишон диҳад, рад намуда ҷониби хона давидам. Падарам ҳис кард, ки духтараш чандон бегуноҳ нест ва аз паси ман ба хона омада, чӯби ғафсеро дар танам майда кард. “Падарлаънат, ту обрӯи маро резондӣ” гуфта, чунон зад, ки аз даҳону биниам хун фаввора барин шорида аз ҳуш рафтам. Вақте ки ба худ омадам, аллакай шаб аз нисф гузаштаю хона тип-торик буд.
Дастонамро бо як азоб аз банд раҳо намуда, аз хонаи падар фирор кардам, то падарам пӯстамро зинда ба зинда аз танам канда нагирад. Намедонам пас аз гурехтани ман чӣ гап шуд, вале мани танҳою зор илоҷи дигар наёфта барои аз гуруснагӣ намурдан бо духтарони нохуб ҳамроҳ шудам. Намехостам ин доғи бадномиро дар пешонаам насб намоям, вале моиндарам ва бародари худобехабараш ҳаёти мани сеғараро сӯхтанд.
Манижа, аз маҳаллаи Испечак 2