Тамоми мактабҳои Тоҷикистон ба интернет пайваст карда мешаванд
201

Дар ояндаи наздик мактабҳои Тоҷикистон ба интернет пайваст карда мешаванд. Масъалаи мазкур дирӯз, 23-юми октябр зимни мулоқоти раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо ҳайати намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) таҳти роҳбарии Кристофер Фабиан, ҳаммуассис ва ҳамраиси ташаббуси “GIGA” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, ҷонибҳо бо мақсади мусоидат намудан ба рушди иқтисоди рақамӣ ва пайвасти ҳар як мактаби Тоҷикистон ба интернет, масъалаи татбиқи амалии ташаббуси “GIGA”-ро дар Тоҷикистон муҳокима намудаанд.

Дар хабар омадааст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои анҷоми ин иқдом муколамаи мунтазамро идома медиҳанд.

“GIGA” ташаббуси муштараки “UNICEF” ва Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия (ITU) барои пайваст намудани мактабҳои ҷаҳон ба интернет буда, то имрӯз харитаи ҷойгиршавии мактабҳо дар 142 кишвари ҷаҳонро таҳия намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД