Arzon march 2024
Таманнои раиси Кумита ба паҳлавон: ... ҳеҷ гоҳ руҳафтода набояд шуд...
421

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода барои баланд бардоштани руҳияи варзишӣ, бохабар гаштан аз ҳолу аҳвол ва вазъи саломатии паҳлавони номдор ва ҷавону умедбахши кишвар Эмомалӣ Нуралӣ, ки дар сабқати охирон аз варзишгари ҷопонӣ шикаст хӯрда, осеб дидааст, ба деҳкадаи Олимпӣ ташриф овард.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори умедбахши тоҷик пас аз Баҳодур Усмонов дар Бозиҳои олимпӣ баромад кард. Ин варзишгари номошнои кишвар рақобатҳоро дар вазни худ хеле хуб оғоз кард. Ӯ тавонист дар рӯзи дуюми Бозиҳои олимпӣ то ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёбад. Эмомалӣ дар даври якум озод буд ва дар марҳилаи дуюм бо имтиёзи вазарӣ дар вақти тилоӣ муқобили намояндаи Исроил Брауч Шмаилов ғалаба ба даст оварда, роҳи худро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор сохт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Эмомалӣ бо қаҳрамони олимпӣ ва ҷаҳон Ҳифуми Абеи ҷопонӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар ин мубориза Эмомалӣ муқобили Абе хеле хуб рақобат кард, аммо дар лаҳзаҳои охири мусобиқа дасти ӯ осеби ҷиддӣ бардошт ва натавонист рақобатро идома диҳад. Эмомалии Нуралӣ бинобар сабаби осеб дар даври тасаллобахш рақобатро муқобили Бунчич Страҳинҷаи сербӣ идома дода натавонист ва бо ҳамин силсилаи рақобатҳои Эмомалӣ Нуралӣ низ дар Бозиҳои олимпӣ Париж-2024 бе натиҷа анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита ба ҷудокори умедбахши тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ саломативу саодатмандӣ таманно намуда, гуфтааст, ки “... ҳеҷ гоҳ руҳафтода набояд шуд, зеро ҳоло ҷавонӣ, имкониятҳои зиёд дар пеш дорӣ, саломатиятро барқарор карда, ба оянда ба чашми нек назар кун, ҳоло сабқатҳои ҷаҳонӣ ва олимпиадаҳои дигар дар пешанд, барои амалисозии орзуву мақсадҳои минбаъда бояд кӯшиш кард...”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД