orienbank akciya
Таманно дар таксӣ таваллуд кард
15.05.2024
Мирсаид
451



Таманно Ҷамиловаи 22-сола, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 10 май дар дохили таксӣ фарзан дашро ба дунё овардааст. Мошине, ки таваллуди аҷиб дар ходили он сурат гирифтааст ба ширкати “Олуча Такси” тааллуқ дорад.

Модари Таманно- Сафармоҳ Саидова гуфтааст, ки духтару наберааш худро хуб ҳис мекунанд ва рӯзҳои наздик аз бемористон ҷавоб хоҳанд шуд.
Ба қавли ин зан, замони фаро расидани вақти таваллуд онҳо ба ширкат занг зада, мошин фармоиш додаанд. вале бар асари танбашавии роҳ то таваллудхона нарасидаанд.

“Вақте ки назди ОВИР омадем, ӯ таваллуд кард. Мо аз ронанда хоҳиш кардем, ки мошинро нигоҳ дошта, ба берун барояд, вале саросема шуда, нофи тифлро бурида натавонистем. Маҷбур шудем, ки боз ронандаро даъват кунем. Ҳамин тавр то таваллудхона расидем. Дар он ҷо табибон нофро бурида, духтару набераамро ба дохил бурданд”, - гуфтааст Сафармоҳ.

Шавҳари духтараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дорад.
Шуҳрат Валиев ронандаи такси, гуфтааст, ки зиёда аз 10 сол боз такси меронад, вале бори аввал бо чунин ҳодиса дучор шудааст. Ӯ гуфтааст, 2 набера дошт ва ҳоло бори сеюм бобо шуд.

Ширкати “Олуча такси” бо нашри ин хушхабар гуфтааст, ки дар маросими рухсатии модару тифл аз таваллудхона ҳамроҳи ронанда иштирок хоҳанд кард. Дар он рӯз ба модару тифли навзод туҳфаҳо тақдим мешаванд, аз ҷумла гувоҳномаи солонаи равуои бепул дар таксии ширкат.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳодисаҳои дар дохили тайёра ба дунё омадани фарзанд ба қайд гирифта шуда буд, вале дар дохили такси бори аввал чунин ҳолат рух дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД