formula
ТАЛОҚИ КАРДААМРО БА ҲЕҶ КАС НАГӮЙ!(ШАКЛИ ПУРРААШ)
5615

 

Дар 28- солагиям шавҳарам маро талоқ дод. Сабабаш он буд, ки пайвандони шавҳарам пайваста ба зиндагии мо дахолат мекарданд ва шавҳарам аз хати кашидаи модараш берун баромада наметавонист.

Рӯзе дар сари қаҳру ғазаб ва бо хоҳиши модараш шавҳарам талоқи маро доду мехост, ки ману фарзандонашро аз дар берун кунад. Бо андешаи он ки фарзандонам дар кӯча намонанд, аз хона набаромадам. Шавҳарам дид, ки ман ба ҳеҷ куҷо рафтанӣ нестам, боз ба модараш занг зада гуфт: “Оча, ин беномусҳо аз хонаам намебароянд, чӣ кор кунам?” Модараш ба шавҳарам маслиҳат дод, ки агар занат аз хона бо фарзандонаш набарояд, ҷавобашро деҳ. Шавҳари гаправам бо гапу маслиҳати модараш ин бор номи се талоқро ба забон гирифта, гуфт:

-Модарам ба ман зани нав медиҳад. Ман зани дуюм гирифтан мехоҳам, ту намефаҳмӣ, ман арӯс дорам. Кӯдаконро гирифта, ба хонаи падару модарат рав, ман дар ин хона зани навамро оварда зиндагонӣ мекунем.

Азбаски ҷои рафтан надоштам, ночор дар хонаи алоҳидае, ки муддати панҷ сол ҳамроҳ зиндагӣ мекардем, истодам. Агар бо ду фарзанд ба дари хонаи падару модарам мерафтам, як умр зери таънаи янгаам мемондам. Барои ҳамин ба ҳеҷ куҷо нарафтам. Хуллас, пас аз ду сол шавҳарам пушаймон шуда, дар пеши поям афтида тавалло намуд, ки “сири талоқ карданамро ба ягон кас нагӯй, гӯё чизе нашуда бошад, зиндагиамонро идома медиҳем”. Ман чӣ кор карданамро намедонистам. Шавҳарам пойҳои маро мебӯсид ва зориву тавалло карда мегуфт: “Ман аз гапи гуфтаам сахт пушаймонам, агар талоқ карданамро ба ҳеҷ кас нагӯӣ, умре, ки дорам, ба сарат даст намебардорам ва туро ҳамроҳи фарзандонам тори сар карда мегардам…”

Фирефтаи суханонаш гашта, ваъда додам, ки ин гапро ба ҳеҷ кас  намегӯям. Ҳамин тавр, баъди талоқ доданаш боз ду ҳафтаи дигар зиндагӣ кардем. Шавҳарам боз нағмаҳояшро сар карда, ҳар шаб бе вақт ба хона меомад. Тоқатам тоқ шуду дарди диламро ба модарам гуфтам. Модарам ин гапро нарезондаву начаконда, ба хешу таборамон гуфтааст.

Хулоса, сири мо ошкор гашт ва маро талоқ кардани шавҳарам дар байни тамоми аҳли авлод овоза шуд. Падару модарам ба хонаи шавҳарам омаданд ва маро зӯран бо кӯчу бандам гирифта ба хона бурданд. Шавҳарам гиряву зорӣ карда мегуфт, ки ман зани сар медодагӣ надорам, вале касе ба гапаш гӯш намекард.

Пас аз чанд рӯз ба суди ноҳияамон рафта, расман ҷудо шудем.

Баъди ин ҳодиса шавҳарам девона шуд. Ҳар рӯз бе вақт ба хонаашон медаромад ва оқибат модараш аз корҳои кардааш сахт пушаймон шуда, ҳар рӯз ба ман паёмак навишта, хоҳиш менамуд, ки шавҳарамро рӯи хотири фарзандонамон бахшида, зиндагиамонро аз нав шурӯъ намоем. Вале падару модарам барои дуюмбора бо шавҳарам зиндагӣ кардан иҷозат намедоданд. Ҳар боре, ки шавҳарам ба дари хонаи волидонам меомад: “Талоқашро додӣ, аз фарзанди ман дигар чӣ мехоҳӣ?!” гӯён, ӯро аз дар берун мекарданд. Шавҳарамро дӯст медоштам ва мехостам ҳамроҳаш равам, вале аз тарси волидонам ҷуръат намекардам. Қариб 5 маротиба аз пушти дари хонаи мо навмед баргашта, оқибат ба тақдир тан дод ва пою қадамаш канда шуд. Баъдтар аз забони баъзеҳо шунидам, ки падари фарзандонам сари қаҳр оиладор шудааст. Хостам ба наздаш равам, вале модарам садди роҳам гашт.

Ҳанӯз ҳам Комилро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва бисёр мехоҳам дубора сар ба оғӯшаш гузорам, вале волидонам мегӯянд, ки дигар якҷоя шудани мо дар ду дунё имкон надорад ва агар ман баъди талоқ боз бо шавҳарам зиндагӣ кунам, рӯйи ҷаннатро намебинам. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам. Илтимос, ягон роҳи ҳалли ин масъаларо ба ман нишон диҳед, вагарна дар фироқи рӯйи шавҳарам мемирам!

Мафтуна, аз ш.Душанбе

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД