...Агар бо ду фарзанд ба дари хонаи падару модарам мерафтам, як умр зери таънаи янгаам мемондам.
Барои ҳамин ба ҳеҷ куҷо нарафтам. Хулас, пас аз ду сол шавҳарам пушаймон шуда, дар пеши поям афтида, тавалло намуд, ки “сирри талоқ карданамро ба ягон кас нагӯй, гӯё чизе нашуда бошад, зиндагиамонро идома медиҳем”. Ман чӣ кор карданамро намедонистам. Шавҳарам пойҳои маро мебӯсид ва зориву тавалло карда мегуфт: “Ман аз гапи гуфтаам сахт пушаймонам, агар талоқ карданамро ба ҳеҷ кас нагӯӣ, умре, ки дорам, ба сарат даст намебардорам ва туро ҳамроҳи фарзандонам тори сар карда мегардам”...
Сабринаи Назрӣ ба наздикӣ бори аввал модар мешавад
...“Се-чор моҳи дигар мондааст. Ҷинсашро пешакӣ муайян кардан нахостем, зеро дар насибамон чизе бошад, қабул мекунем. Ба ҳар ҳол, табибон мегӯянд, ки ба писар монанд аст, вале мо мехоҳем, ки духтар бошад”,-мегӯяд Абдулло, шавҳари Сабрина дар барномаи “Имшаб”. Ҷуфти ҷавон барои фарзанди ояндаашон аллакай ном ҳам интихоб кардаанд. Онҳо мегӯянд, агар духтар таваллуд шавад, Карашма ва агар писар ба дунё ояд, Муҳаммадҷон ном мегузоранд. Сабринаи Назрӣ, ки яке аз чеҳраҳои маъруфи шабакаи “Instagram” ва гули сари сабади тӯю маҳфилҳо ба ҳисоб меравад, бо хоҳиши шавҳараш оҳиста-оҳиста тарки саҳна мекунад...
Шавҳари пинҳонӣ дорам
...Бо маслиҳати яке аз мизоҷонам, ки зани як вазир буд, дар наздикии хонаам биное сохта, сехи дӯзандагӣ, баъдтар дар паҳлӯи он мағозаву кошонаи ҳусн сохтам ва тиҷоратам пеш рафт. Аввал духтаронамро ба шавҳар додам, духтари калониямро ҳамон мизоҷам келин гирифт. Дувумиро низ дар як оилаи хуб ба шавҳар додам, барои писарам аз деҳа духтари амакашро келин кардам ва нафаси осуда кашидам. Ман фақат тиҷоратамро уҳда мекардаму халос, писарам дар бонке адои вазифа мекунад. Дар тиҷорат асосан келинам ёвару мададгорам аст. Зиндагии орому осудаи маро ҳамин ишқи сари пириҳо дигар кард...
Мустафо Замонӣ: Ман ҳоло зиндаам!
...Рӯзе Мустафо шунид, ки барои иҷрои нақши Юсуф дар филми “Ҳазрати Юсуф” кастинг баргузор шуда истодааст, аммо ҳеҷ ҷуръат намекард, ки аксашро равон карда, худро номнавис кунад. Дӯсти Мустафо аз ӯ пинҳонӣ расмеро ба Фараҷуллоҳ Силаҳшӯр, муаллифи сенария ва коргардони филми мазкур ирсол кард. Оғои Силаҳшӯр бо дидани чеҳраи нуронии Мустафо аз дил гузаронд, ки нафари мекофтаашро ёфтааст. Ҳамин тавр, Мустафо тарсону ҳаросон ҳамроҳи дӯсташ ба кастинг омад ва бо хоҳиши коргардон саҳнаи бо фармони Зулайхо дар зиндон шиканҷа шуданашро иҷро кард...
Духтарам кӯдаконашро кушту...
...Амина он қадар дили кушод дошт, ки ногуфтанӣ, ҳарчанд ману хушдоманаш зиндагии хуб дошта бошем ҳам, ҳар бегоҳ албатта, бароямон хӯроки хушмазза пӯхта равон мекард. Зуд-зуд куртавориву рӯймолу дигар туҳфаҳо мекард, ниҳоят меҳрубон буд духтаракам. Орзуҳояш сабз шуданду ҳомиладор шуд, вале чун фаҳмид, ки кӯдак духтар аст, ӯро исқоти ҳамл кард. Ман хеле ҷангаш карда, гуфтам, ки магар духтар фарзанд нест? Мана шумо шаш духтар ҳастед, оё ягон зараратон ба ман расидааст? Аммо Амина бо ханда гуфт, “оча, дар ин замона ҳеҷ кас шаш духтар намекунад, ман як писари дигар таваллуд мекунаму дигар барои худам зиндагӣ хоҳам кард”...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 28-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 21-уми июли соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!