Formula novemver 2024
ТАЛОҚАМРО ДЕҲ Ё МАРО КУШ, ТО АЗ ҒАМУ КУЛФАТ ХАЛОС ШАВАМ
20.09.2020
Р. Азимӣ
5175

 

Бонувон аз айёми наврасӣ шабҳоро бо хаёли шоҳзодаи орзуяшон саҳар мекунанд, ман ҳам яке аз ҳамон духтаракони орзупарвар ҳастам. Шоҳзодаи орзуҳоямро дар симои Маъруф ном ҷавони сабзина дида бо тамоми ҳастӣ дӯсташ доштам.

Маъруф ба қавлаш вафо намуда, пас аз хатми мактаб ба хонаамон хостгор фиристод ва мо дар байни як моҳ тӯй шудем. Гумон доштам, ки бо ёри хушкарда хушбахти ҷаҳон мешавам, вале пас аз тӯй шавҳарам симои аслияшро нишон дод. Акнун вай бо ҳар баҳона маро зери мушту лагад мегирифт. “Барои чӣ либосҳоят нимбараҳна, мӯйҳоят парешон, лабҳоят сурху чашмонат сиёҳи қаламзада?” гӯён, нони хӯрдаамро дар танам заҳр мегардонд. Мо, зану шавҳари ҷавон дар як моҳи зиндагии якҷоя душмани ҷони ҳамдигар шудем. Корамон сагу гурба барин мудом моҷаро буд. Шавҳарамро бо вуҷуди ин ҳама нофаҳмию ҷангу ҷанҷолҳоямон дӯст медоштам, аз ҳамин хотир сабру тамкинро пеша намуда, сирри диламро ба ягон кас намегуфтам. Пас аз панҷ моҳи зиндагиамон худро бад ҳис карда бо иҷозати хушдоманам ба духтурхона рафтам.

Духтурон баъди ташхис маро муборакбод намуда гуфтанд, ки ба наздикӣ модар мешавам. Ба шавҳарам занг зада, ин хушхабарро расонидам, вале ба ҷойи хурсанд шудан Маъруф ба ғазаб омада маро дашномҳои болохонадор дод. Бо дили хиҷил ба хонаи хушдоманам омада, аз кор баргаштани шавҳарамро интизор шудам, то фаҳмам, ки барои кадом гуноҳам вай бо ман чунин муносибати сарду дағал кард. Бегоҳ Маъруф дар даст чӯбдаст ба хона баргашт ва маро чунон лату кӯб кард, ки аъзои баданам сиёҳу кабуд шуд. Фиғон кашидам, ки барои чӣ маро азоб медиҳад. “Ба ту кӣ иҷозат дод, ки шикаматро ба духтурон намоиш диҳӣ? Чаро аз ман напурсида ба духтур рафтӣ?” бонг зад шавҳарам ва боз лагадкӯбам кард. Дар зери лагади шавҳар аз ҳуш рафтаам. Вақте ки чашмонамро кушодам, худро дар беморхона дидам.

Духтурон хабар доданд, ки аллакай кӯдакамро аз даст додаам. Як аламам сад алам шуда, ба худ аҳд намудам, ки дигар бо Маъруф зиндагӣ намекунам. Ба шавҳарам занг зада талоқамро талаб намудам, вале дар ҷавоб боз дашном шунидам. Аз беморхона рост ба хонаи падарам омадам ва то ҳол дар ин ҷо зиндагӣ карда истодаам. Шавҳари бераҳмам то ҳол ягон бор занг зада, ҳолу аҳволи маро напурсидааст. Аз минбари «Оила» ба Маъруф гуфтаниям:

Талоқамро деҳ ё маро куш, то аз ғаму кулфат халос шавам!

Субҳия, ш. Душанбе     

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД