arzon replenishment
“Талоқ” замину осмонро меларзонад!
1218

 

Дар меҳмонии гӯшаи “Маслиҳати хушдоман” истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Наҷмиддинов модари 84-сола Истамова Санифа қарор доранд.

Андешаҳои як зани рӯзгордидаи тоҷик дар мавриди мушкилоти оилаҳои муосир чунин аст:

-Мегӯянд, ки баъди ба забон овардани калимаи «талоқ» замину осмон ба ларза меоянд ва ин ҳикмат ҷон дорад. Зеро пушти ин пардаи сиёҳ ва калимаи мудҳиш чӣ қадар бадбахтиҳо, ашку рашк, сӯзу дард ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо марг ҳукмронӣ мекунад. Байни мардуми мо одате ҳаст, ки фарзандон, хоса духтаронро ҳамеша дар рӯҳияи сабру таҳаммул тарбия карда, аз чӣ бошад ба эшон дар бораи ҷудоӣ сӯҳбат намекунанд. Яъне, намегӯянд, дар оиладорӣ мешавад, ки масъалаи ҷудошавӣ ба миён биёяд ва дар ин ҳолат чӣ бояд кард?

Мувофиқи омори коршиносон солҳои ахир вайроншавии оилаҳо хеле зиёд шудаанд, мо бояд ин мушкили асосии оиладориро низ ба наврасону ҷавонон фаҳмонда диҳем. Бояд онҳо донанд, ки вақте дар оила чунин мушкил пеш меояд, зану шавҳар бояд чӣ гуна рафтор намоянд. Мо дар асри 21 зиндагӣ мекунему дар анъанаҳои миллии мо низ то як дараҷа навгониҳо ворид шудааст. Агар бархе аз онҳоро унсурҳои манфӣ номем, вале боз ҳастанд чизҳое, ки дар роҳи аз маърифати оиладорӣ бархӯрдор гаштани мардуми мо хизмати арзанда низ мекунанд. Яке аз ин гуна падидаҳои хуб пеш аз никоҳ бо ҳам мулоқот намудани ҷавонон ва ҳамдигарро то як дараҷа омӯхтани онҳо мебошад.

Чандин сол байни мардум одат шудааст, ки арӯсшавандаю домодшавандаро (агар ношинос бошанд) албатта пеш аз тӯй ба ҳам шинос менамоянд. Ин албатта хеле хуб аст, зеро дар сурате, ки ҷавонон ба ҳам писанд наоянд, бо хубӣ инро ба ҳамдигар мегӯянд ва сияҳбахт намешаванд.

Агар ҷуфти дар зиндагӣ ба ҳам мувофиқ наомада одамвор аз ҳам ҷудо шаванду ҳама мушкилии баъд аз талоқро бо андешаҳои «ҳушёр» ба риштаи таҳлил кашанд, нуран ало нур мешавад. Зеро агар пушти пардаи сиёҳи талоқ кӯдакон бошанд, тақдири онҳоро фикр кардан даркор аст. Худованд ҳама оилаҳоро аз бабахтиҳо нигаҳдор бошад ва фарзандон зери шаҳпари пурмуҳаббати волидон ба воя расанд.

                                                   Суҳбати Лола

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД