Arzon march 2024
Таҷлили ҷашни Конститутсия ва Рӯзи милитсияи тоҷик дар Хатлон
05.11.2024
Оила
245

 

 

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик дар маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар паради ҳарбӣ ва ҳамоиши идона баргузор гашт.

Таври ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар додааст, дар паради ҳарбӣ ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои низомиву қудратии вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Баъди ба майдон ворид намудани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ ва гузориши фармондеҳи парад гузашти низомӣ бо қадамзании мутантан оғоз гардид.

Милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар таҳким ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таъмини амният ва осоиштагии шаҳрвандон ҳиссаи арзишманд гузошта, вазифаҳои хизматиашро барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона иҷро менамояд.

Таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ дастоварди беназири даврони истиқлол буда, дар ташаккули асосҳои сохтори давлатӣ, таҳкиму инкишофи қонунгузории миллӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои устувори истиқлолияти комили сиёсии марҳилаи нави рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол нақши бузург дорад. Конститутсия ба таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намуда, омили асосии кафолати пойдории ҳаёти сиёсии ҷомеаи

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД