arzon replenishment
ТАКСИСТ СИРИ АРӮСРО ФОШ КАРД
7236


Матлуба! Бовар намекардам, ки ту ба ғайр аз ман боз бо дигарон ҳам аҳду паймони муҳаббат дорӣ. Ба гӯшаи хаёлам ҳам намеовардам, ки ягон рӯз ба ишқамон хиёнат мекунӣ, вале билохира симои аслиатро нишон додӣ.

Ту як бероҳа будаиву мани содда ба гиряҳои дурӯғинат бовар карда, ваъдаи васлат додам. Дигар ба чашмам нанамо! Намедонистам, ки дар зери ниқоби фаришта шайтоне ниҳон аст, ки бо ҳилаву найранг дили маро ба даст овардан мехоҳад, вале акнун чашмам кушода шуд. Падару модарамро бо сад зориву тавалло ба хонаатон хостгорӣ фиристодам, бехабар аз он, ки бо як духтари пастфитрат ошно шудаам. Хайрият, ки як ронандаи таксӣ нияти падару модари маро фаҳмида, чӣ гуна духтар будани туро гуфтааст, вагарна ба доми ту афтида ҳаётамро бо дасти худам месӯхтам.

Акнун, ки сабаби аз пушти дари хонаатон баргаштани волидонамро фаҳмидӣ, дигар ба умеди ман нашуда, домоди ягон бачаи дигари содаро бидор. Ошиқонат бисёр будаанд-ку, ягонтоашро маҳкам бидор, то пирдухтар шуда намонӣ беҳаё. Худро покдомон ва моҳи беайб нишон медодӣ, вале кайҳо оғӯши нисфи бачаҳои деҳаатонро гарм карда будаӣ. Хушбахтам, ки тору пуди ту, каждуми заҳрнокро сари вақт фаҳмидам. Дигар бо оби дида ва номаҳои дурӯғинат сарамро гиҷ накун. Аздусар ман туро дар ду дунё намебахшам! Бирав худат барин ягон ҷавони ҳаромхиштакро ёб, чунки зани ғар танҳо ба марди ғар арзанда аст!

Ҷинайдуллои Темурмаликӣ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД