Дар натиҷаи садамаи мазкур танҳо як нафар мусофири дохили автомашинаи тамғаи "Киа Рио", ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Дар ин бора РАёсати ВКБ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки 28-уми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:10 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "Киа Рио" рақамҳои қайди давлатиаш 7280ТТ05, Ҳалимов Хуршед Идибекович, дар натиҷаи бо суръати баланд дар болои купруки хиёбони И.Сомонӣ ҳаракат намудан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараи оҳанини канори чапи роҳ бармехӯрад.
Дар натиҷа, панҷараи оҳанини канори роҳ шикаста, ба оинаҳои тарафи чапи автобуси мусофирбар, рақамҳои қайди давлатиаш 1251ТТ09, ки бо таги купрук ҳаракат мекард бархурда, ба нақлиёти мазкур зарари техникӣ расонидааст.
Ҳамзамон воситаи нақлиёти тамғаи "Киа Рио" низ аз баландии 6,35 метр бо қисми пеш ба роҳи автомобилгарди кӯчаи Н.Ганҷавӣ сарозер мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи садамаи мазкур танҳо як нафар мусофири дохили автомашинаи тамғаи "Киа Рио", ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Оид ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, санҷиш ҷараён дорад.