arzon replenishment
ТАФСИЛОТИ ПАРВАНДАИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ЯК КӮДАКИ СЕСОЛА ДАР ДУШАНБЕ
4270

“Зиёев Юсуф рӯзи 5 май дар кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев хурдсол “А”, соли таваллудаш 2017 - ро танҳо дида, дар вуҷудаш қасди содир намудани алокаи ҷинсӣ ва ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ ба вуҷуд омадааст. Ӯ бо роҳи фиреб, бо баҳонаи аз мағоза барояш харидани маводи хӯрока ӯро тариқи автомашинаҳои мусофиркаши ҷамъиятӣ аз кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев ба кӯчаи Зарафшон 2 - и ноҳияи Сино бурдааст. Зиёев Ю. Р. баъд аз ин ба назди истгоҳи трансформатори № 9/4 ноҳияи Сино омада, аз ҳолати кушода будани дари хуҷраи трансформатори мазкур ва набудани одамони гирду атрофи он истифода карда, духтари хурдсол “А” - ро дохили ҳуҷраи номбурда даровардааст.

Барои озодона анҷом додани қасди ҷинояткоронаи худ, шароит фароҳам оварданӣ шуда, аз гирду атроф як адад палос ва курпаи истифодашудаи фарсударо пайдо карда, дар замин партофтааст. Ӯ аз ҳолати оҷизии духтари хурдсол “А” истифода карда, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудааст. Баъди содир намудани ҷинояти таҷовуз ба номус ва анҷом додани ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Танҳо баъди ду рӯз - 7 майи соли 2020 шаҳрвандон духтари хурдсол “А”- ро дар кӯча танҳо дарёфт намуда, дар ин хусус ба ШВКД - 2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар додаанд...”

Суди шаҳри Душанбе рӯзи 9 июл Зиёев Юсуф Раҷабалиевичро бо ҷурми таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Прокуратураи генералиии Тоҷикистон баъди як моҳ,дар пайи қувваи қонунӣ пайдо кардани ин ҳукм бархе ҷузъиёти ин парвандаи пурсарусадоро нашр кард.

Рӯзи 3 июли соли 2020 дар толори судии Суди шаҳри Душанбе бо парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Зиёев Юсуф Раҷабалиевич барои содир намудани таҷовуз ба номуси духтарчаи се сола бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Зиёев Юсуф Раҷабалиевич, ки қаблан ду маротиба суд шуда буд, аз гузаштаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз дар ҳолати ретсидиви хавфнок ба содир намудани ҷиноятҳои қасдонаи махсусан вазнин - таҷовуз ба номус ва ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида даст задааст. 

Зиёев Ҳ. бо мақсади мардикорӣ ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷои зисти доимӣ надошт, мунтазам машруботи спиртӣ истеъмол намуда, дар даромадгоҳҳои хонаҳои истиқоматии баландошёна, майдончаҳои варзишӣ ва кӯчаву паскӯчаҳои беодам шабҳоро гузаронидааст.

Рӯзи 5 майи соли 2020 ҳангоми гузаштан аз кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев, бинобар ҳолати мастии майзадагӣ ҳиссиёти шаҳвониаш боло рафта буд, хурдсол “А”, соли таваллудаш 2017-ро танҳо дида, дар вуҷудаш қасди содир намудани алокаи ҷинсӣ ва ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ ба вуҷуд омадааст.

Ӯ бо мақсади ғаразнок, яъне содир намудани таҷовуз ба номус ва ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ бо духтари хурдсол “А” бо роҳи фиреб, бо баҳонаи аз мағоза барояш харидани маводи хурока, охиринро тариқи автомашинаҳои мусофиркаши ҷамъиятӣ аз кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев ба кӯчаи Зарафшон-2 ноҳияи Сино бурдааст.

Зиёев Ю. Р. баъд аз ин, ба назди истгоҳи трансформатори № 9/4 ноҳияи Сино омада, аз ҳолати кушода будани дари хуҷраи трансформатори мазкур ва набудани одамони гирду атрофи он истифода карда, духтари хурдсол “А”-ро дохили ҳуҷраи номбурда, ки тавоноии 1000 кВА-ро дорад, даровардааст. Барои озодона анҷом додани қасди ҷинояткоронаи худ, шароит фароҳам оварданӣ шуда, аз гирду атроф як адад палос ва курпаи истифодашудаи фарсударо пайдо карда, дар замин партофтааст.

Ӯ аз ҳолати оҷизии духтари хурдсол “А” истифода карда, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудааст. Баъди содир намудани ҷинояти таҷовуз ба номус ва анҷом додани ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Рӯзи 7 майи соли 2020 шаҳрвандон духтари хурдсол “А”- ро дар кӯча танҳо дарёфт намуда, дар ин хусус ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар додаанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Зиёев Ю.Р. 08 майи соли 2020 дастгир гардида, нисбаташ бо аломатҳои моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми коллегияи судӣоид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 9 июли соли 2020 Зиёев Юсуф Раҷабалиевич бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар маҷмуъ ба ӯ ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД