Formula novemver 2024
Тафсилоти ҷанҷоли хунин дар қаҳвахонаи Русия
1371


Хонандагони азиз! Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, як зани тоҷикро дар Русия бо гумони содир намудани ҷинояти сангини куштор боздошт намуданд.

Ин зан дар куштори ҳамкораш муттаҳам дониста шуда мешавад, аммо сабаби сар задани ин моҷарои хунин байни ду ҳамкор маълум набуд.

Нашрияи “МК”имрӯз тафсилоти ин ҳодисаи хунинро, ки дар қаҳравонаи “Хинкальная Тбилисо”-и шаҳри Митишии вилояти Маскав рӯзи 4 январ сар задаст, нашр намуд. Ба навиштаи ин нашрия байни як зани 36-сола зодаи Тоҷикистон ва марди ҳамкораш ҷанҷол сар зада, дар рафти ин моҷаро зан мардро кордборон кардааст.
Ба гуфтаи ҳамкоронаш, Сайёра модари танҳо буда, баъди фавти шавҳари аввалаш ба танҳоӣ фарзанди ягонаашро, ки имсол ба синфи 1 рафт, тарбия мекардааст. Ҳамкоронаш гуфтаанд, Сайёра зани хуб буда, қаблан ягон бор бо касе ҷанҷол накардааст. Дар рӯзҳои Соли нав ин зан бо ақди никоҳи мусалмонӣ шавҳари нав карда, ҳамон рӯзи сар задани куштор ҳамкоронаш ӯро ба ин муносибат табрик кардаанд.
“Муноқишаи байни Сайёра ва ошпази гурҷӣ ба гуфтаи шоҳидон, аз як шӯхии ноҷои ошпаз нисбат ба ин зани тоҷик сар шуда, Нугзар бо дастонаш аз як ҷои нармаш доштааст, ки ин дар фарҳанги мардуми мусалмон, аз ҷумла тоҷикҳо, ҳамчун таҳқир қабул мешавад. Сайёра ба ғазаб омада, ошпазро дашномборон кардааст ва ӯ ҳам бо лаҳни бад ҷавоб додааст. Бо ҳамин ҷанҷоли онҳо ба мӯкашию латтукӯб печад”-навиштааст Бомдод.
Дар сабти видеокамераҳои назоратии дар қисмати ошпазии қаҳвахонаи “Хинкальная Тбилисо” насбшуда дида мешавад, ки як мард ба як зан ҳамла оварда, ӯро аз мӯйҳояш мекашад ва латтукӯб мекунад. Зан аз худ дифоъ карданӣ шуда, кордеро, ки ба дасташ афтод, ба даст гирифта, чанд бор ба бадани он мард мезанад. Баъди лаҳзае марди захмӣ ба рӯи фарш меафтад ва аз ҳуш меравад.
Бисёриҳо баъди фаҳмидани тафсилоти ин куштор аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Сайёра Дӯсаеваро дар ин қазия беҳимоят нагузоранд. Ба ақидаи аксарият ин зани тоҷик ба хотири ҳимоят аз номусаш ба ошпазе, ки фикр кардааст, бо ин муҳоҷирзани беҳуқуқ ҳар коре ки хоҳад, мекунад, ҳамла намуда, даст ба куштор задаааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД