arzon replenishment
Тақдири талхи як зани танҳо
1750

 

Нозанин аз дарди гурдахояш ба фигон омада дар бистари бемори печу тоб мехурд.

... Ох, дарди каттол.. Аммо аз ин дардхо дида танхоиам сахттар аст. Зани танхо будан ин кадар дарднок аст.

Нозанин дар ин дакикахои пеш аз маргаш тамоми зиндагии 57 солаашро мисли сахифаи китоб сахфагардон намуд. Аввалин ишк, аввалин ошики...

Нозанин аз давраи мактаби ошики писари хамсинфаш буд. Вале хамсинфаш ба суйи у ним нигохе намекард. Хамсинфаш духтари холаи уро дуст медошт. Нозанин баьди хатми мактаб ба Донишгохи хочагии кишлок дохил шуд. Аммо хушу хаёлаш ба Фаррух буд. Он солхо чавонписарон худашон ихтиёри хизмати аскари рафта пеш аз рафтан базм мекарданд. Дар ин базми бегохи Фаррух чуйеи Шоиста шуду хатчаеро ба дасти Нозанин дода бисер хохиш кард ки ба духтари холааш расонад. Аммо Нозанин хатчаи ошиконаи Фаррухро дарронда партофт. Се мох баьд аз Фаррух хат омад. Шоиста ба Нозанин рози дил карда ин хати пур мехру мухаббати Фаррухро нишон дод.

Нозанин сурогаи Фаррухро ба хотирааш гирифт. Рузи дигар хамчун хайрхох ба у нома навишт ки Шоиста духтари бероха аст. Вакте аз Фаррух хати чавоби омад, у он хатро пинхон карда ба чояш хати дигарро гузошта ба Нозанин бурд. Нозанин савол дод ки чаро сурогаи кабулкунанда кур шудааст, Нозанин гуфт ки номаро аз почта ба духтари холаат бар гуен додаанд, дар рох борон будаасту Сурога кур шудааст. Шоиста ба духтари холааш бовар кард. Хати пур аз таькири сохтаи Нозанин девонааш кард Бовар кард ки ин хатро Фаррух навиштааст. Ба Фаррух як номаи пур аз норзиги фиристод. Фаррух бехабар аз найрангхои Нозанин гуфт ки Шоиста метавони ба шавхар барои. Маро интизор нашав.

Шоиста сари кахру газаб ба хостгори навбати розиги доду онхо туй шуданд. Нозанин аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба Фаррух ба аскари нома навишт, ки духтари холаам ба ту бевафои кард, биё баркасд маро гир.

Хамин тавр Фаррух аз аскари омаду онхо туй шуда зану шавхар шуданд.

Вале аз рузи аввал айен буд ки Фаррух хамсарашро дуст намедорад.

Байни онхо охиста охиста сардии зиёд фитод. Дере нагузашта Фаррух уро партофта зани мехостагии худро гирифт.

Нозанин танхо монд. Ба хонаи духтари холааш мехмони омаду зиндагии шохонаи уро дида аз рашк девона шуд.

Дар дил накша кашид ки шавхари Шоистаро бо хар рох ба худ ошик карда онхоро аз хам чудо мекунад. Аммо тираш хок хурд. Шавхари Шоиста уро гапхои сахт зада гуфт ки дигар хонаи ман нае.

Нозанин баьди ин боз ду навбати дигар шавхар кард. Аммо бо сабаби бефарзанди онхо чудо шуданд.

Нозанин пушаймон холо вакти бемори аз дил гузаронид ки агар дар вакташ ба духтари холааш бахили намекард шояд холо зиндагиаш дигар мебуд.

Охир бадии ба як кас карда ба худи одам бармегардад.

Ин конуни нонавиштаи хает аст.

🌴 Шахлои Начмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД