Оилаи Қаршибоевҳо, ки аз 10 нафар иборатанд, беш аз 10 сол дар қабристони маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд, ки дар байни аҳолӣ бо номи “қабристони русҳо” маълум аст, зиндагии сангине доштанд.
Сардори оила-Ойдиной Қаршибоева, се фарзанд, келин ва 5 набераашсолиёни зиёде дар ин қабристон дар як кулбачаи намноку нимвайронаи бе дару бе бом бо умеди шояд рӯзе соҳиби манзили хеш гаштан умр ба сар мебурданд. Соли равон баъди аз шавҳараш ҷудо шуда омадани духтари Ойдиной Холида, бо ду фарзандаш ҷойи онҳо боз ҳам тангтар шуд ва билохир ба иҷора кӯч бастанд.
Азбаски ягона писари ин оила депорт шудаву аз ҳуқуқи вуруд ба Рассия маҳрум аст, Холида айни ҳол руй ба муҳоҷират овардааст, то ҳадди ақал иҷорапулии модару фарзандонашро кор кунад.
Муроҷиатҳои зиёди онҳо ба мақомоти маҳаллӣ, ҳукумати шаҳру вилоят ва ҳатто журналистон натиҷа надод. Аксарият мегуфтанд, ки писараш солим ва ҷавон аст, ба Рассия рафта пул кор кунад ва омада хонаю дар бунёд намоянд, аммо дар рафти сӯҳбат бо аҳли ин хонавода ба мо маълум гашт, ки писари Ойдиной чанд соли пеш ба муддати 5 сол ба истилоҳ “депорт” шуда, маҷбур дар ҳамин қабристон гӯркобӣ мекардааст.
Чаро Ойдиной хонаашро аз даст дод?
Ба гуфти Ойдиной Қаришибоева онҳо ҳанӯз соли 1996 хонаашро аз даст дода, то ба имрӯз азоби бехонагӣ мекашанд.
-Солҳои 1995-96 вазъи зиндагиамон якбора бисёр вазнин шуд. Мо то он вақт дар шаҳраки Гулистон (собиқ Қайроққум) дар як дуҳуҷрагӣ, ки давлат дода буд, зиндагӣ мекардем. Дидем, ки фарзандон то рафт калонтар шуда истодаанд ва дигар дар як дуҳуҷрагӣ намеғунҷем, дааст оилавӣ ба муҳоҷират рафтем, то пули хона кор кунем.
Чуноне ки мегӯянд “камбағалро аз болои уштур саг газидааст”, мо ҳам хароҷоти бисёре карда, ба Руссия рафтему 3 моҳ сарсону саргадон шуда, оқибат дасти холӣ ба Ватан баргаштем. Вақте омадем дидем, ки хонаамонро дигар оила соҳибӣ кардааст. Ҳарчанд фаҳмондем, давутоз кардем, навис- навис, вале ғайр аз вақт сарф кардану асаб хароб намудан чизе ба даст наомад.
Чанд муддат дар хобгоҳ зистем, вале аз зери борон зеро новадон шудем. Дар хобгоҳ бе шароити зист саломатиямонро гум кардем. Охираш аз ноилоҷӣ ба хонаи модарам, ки дар шаҳараки Адрасмони шаҳри Гулистон буд рафтем. Чандин сол дар он зистем. Хонаи модар-падари худат бошад ҳам баъди оиладор шудан дигар намешудааст ки зиндагӣ намоӣ. Як хеши шавҳарам бо давутози зиёд ҳамин қабристонро (қабристон дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст ва онро ба забони мардуми маҳал “Қабристони русҳо” мегӯянд) ёфт. Аз МИҲД-и шаҳри Хуҷанд иҷозат шуд, ки барои дар кӯча намондани оилаи мо дар ҳамин хонача зиндагӣ кунем. То дами ба ин ҷо омадани мо дараш муҳрбандӣ буд ва баъди мо омадани муҳрро канда моро роҳ доданд.
Масъулин: Шумо пир шудед хона чи даркор?
-8 сол пеш шавҳараи фавтиданд, ки бар замми бечорагӣ азоби бесарварӣ зам шуд. Ростӣ то дами марги шавҳарам ва пас аз он ҳам ягон дари мақомоти нокуфтаам намондааст, барои соҳиби манзил шудан. Қайди зистам, ки дар Қарамазори шаҳри Гулистон аст борҳо ба ҳукумати шаҳр барои замини наздиҳавлигӣ ва хона муроҷиат кардам. Ба ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳар гоҳ, ки равам мегӯянд: Шумо дар қайди ин шаҳр нестед, куҷое ки қайди зистатон бошад ба он ҷо муроҷиат кунед.
Боз такрор болои такрор ба МИҲД-И шаҳри Гулистон муроҷиат кардам. Аммо соли 2016 як корманди ҳукумати шаҳр гуфт: хола, акнун пир шудед ба шумо хонаи чи даркор?
Ин гап ба сарам як сатил оби сард шуд. Магар барои пирону бечорагон хона ва зиндагии шоиста даркор нест? Ё дар замони имрӯз танҳо нафарони бой ва “корманд” одам ҳастану халос?
Гуфтам, ки пир бошам ҳам соҳиби як хона мешудам дигар армонам набуд...
Дилшода Қаршибоева, набераи холаи Ойдиной аст, ки дар синфи 7-юм мехонад. Ин духтарак низ аз сабаби падараш шаҳрванди Ӯзбекистон ва модараш шаҳрванди Тоҷикистон будан сарсон аст, зеро модараш бо воситаи раводид ба хонаи шавҳар меравад ва муҳлати он ки буд шуд боз ба кулбаи қабристонии модараш меояд. Аз сабаби мушкилоти рафтуо Холида Қаршибоева, яъне модари Дилшода- ӯро ба дасти бибӣ гузошта рафтааст. Дилшода мегӯяд аз ҳамсинфонаш шарм медошт, ки аз дари қабристон баромада ба мактаб равад. Акнун дар иҷора азоб бошад ҳам, ҳадди ақал шарм намедорад.