Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи тандурустӣ як гурӯҳ мутахассисони ин кишвар ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳамтоёни хеш табодули таҷриба намудаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла радиолог Муртазо Сонеи Тоҳирӣ ташриф оварда, дар якҷоягӣ бо мутахассисон, аз ҷумла акушер-гинекологон ва функсионалистони соҳаи акушерӣ-гинекологии шаҳри Душанбе ташхиси то таваллудӣ, яъне скрининги пренаталӣ ба 22 нафар занҳои ҳомила дар муҳлати 11-14 ва 18-21 ҳафтаи ҳомилагӣ гузаронидааст.
Ҳамзамон оид ба ташхисҳои муосири тиббӣ дар самти дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл, навгониҳои ташхисии бемориҳои занона низ бо иштироки мутахассиси эронӣ ва табибони маркази мазкур семинар-машварати амалӣ гузаронида шудааст.