Formula novemver 2024
Табобати лабҳои кафида дар зимистон
1542


Баробари саршавии фасли сармо лабҳои мо пӯстпарто шуда, ба кафидан сар мекунад. Сабабаш дар он аст, ки пӯсти лаб табиатан хеле нозук буда, ба зудӣ зери таъсири омилҳои беруна мемонад. Боз як сабаби дигари кафидани лабҳо бемориҳои дарунӣ аст.

Муаммоҳои рӯдаю меъда, системаи эндокринӣ боиси хушк ва пӯстпарто шудани лабҳо мегарданд. Лабҳои кафида натанҳо ба симои зоҳирии инсон таъсири ногувор мерасонанд, балки боиси озор ёфтани пӯст низ мегарданд, бинобар ин, дар фасли зимистон ба лабҳо нигоҳубини махсус лозим аст. Сомонаи Замин.уз якчанд тавсияҳоро барои табобати лабҳо дар сардиҳои лай пешниҳод намудааст.

Дар интихоби малҳам барои лаб эҳтиёт шавед
Маҳсулоте, ки барои нигоҳубини лабҳо истифода мешаванд, метавонанд кӯмак кунанд ё баръакс зарар расонанд, бинобар ин, дар интихоби малҳам барои лаб бояд хеле эҳтиёткор буд. Дар ёд дошта бошед, ки миқдори аз ҳад зиёди малҳами лаб метавонад муддати дароз лабҳоро намнок созад, илова бар ин, формулаи нодуруст вазъиятро бадтар месозад.

               Чаро лабҳо пӯст мепартоянд?
Чаро лабҳои мо дар фасли сармо бештар мекафанд ва пӯст мепартоянд? Гап дар он аст, ки аз сабаби набудани қабати равған лабҳо аз шамоли зимистон ва тағйирёбии обу ҳаво муҳофизат карда намешаванд. Дар натиҷа пӯсти лабҳоямон зуд намиро гум карда, хушк мешаванд ва ба кафидан майл мекунад.

Барои пешгирии ин ҳолат табибон тавсия медиҳанд, ки намкунакҳои ҳавоиро истифода намуда, аз косметикае, ки пӯст хушк мекунад, аслан истифода набаред. Дар ин давра аз он маҳсулоти косметикие бояд истифода бурд, ки SPF дошта, хусусияти муҳофизатӣ дошта бошанд.
Чаро баъзе малҳамҳо ёрӣ намерасонанд?

Аксари малҳамҳои равғание, ки ба лаб мемоланд, муваққатан лабҳоро мепӯшонанд, аммо ба қадри кофӣ аз ин малҳамҳо лабҳо намӣ намегиранд. Беҳтар аст, ки чунин малҳамҳоро аслан истифода набаред. Ба онҳое, ки мехоҳанд хушкшавии лабҳоро пешгирӣ кунанд, инчунин тавсия дода мешавад, ки аз истифодаи балзамҳои хушбӯй худдорӣ намоянд.

         Тавсияҳо барои нигоҳубини лабҳо
1. Кӯшиш кунед, ки аз асбобҳои махсус истифода баред, то пӯсти мурдаи лабҳоро тоза кунед.
2. Хориҷ кардани ҳуҷайраҳои мурдаи пӯст ба ташаккули ҳуҷайраҳои нав мусоидат мекунад,вале пас азамалиёт аз малҳамҳои оромбахш ва шифобахшро бояд истифода бурд.
3. Дар ҳама кор риоя намудан ба меъёр зарур аст, аз ҷумла дар нигоҳубини лабҳо низ. Кӯшиш кунед, ки малҳам барои лабро аз меъёр зиёд истифода набаред.

               Маҳс чӣ фоида дорад?
Барои осеб наёфтани пӯст дар ҳавои сард ҳар рӯз лабҳоро масҳ кардан лозим аст. Пеш аз масҳ кардан помадаро пок карда, камтар равғани растанӣ ё вазелин молед. Баъди 5-8 дақиқа масҳ кардан дар ин мавзеъ гардиши хун хуб мешавад.

                  Помадаи шифобахш
Дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бештар истифода бурдани помадаи намноккунанда тавсия карда мешавад. Агар шумо помадаи хушк ва дурахшонро истифода баред, дар таркиби он бояд алоэ ва равғани эфир мавҷуд бошад. Барои пок кардани помада аз оби митселлярӣ ё равғанҳои эфир истифода баред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД