formula feb 2025
Табобати халқии дасту пойи шикастагӣ дар фасли сармо
15.02.2025
Oila.tj
354

Салом! Маъмулан дар фасли зимистон одамон тез-тез дар барфу ях лағжида меафтанду даст, пой, ё ягон ҷояшон осеб дида, мешиканад, мебарояд. Табибони шикастабанд дар чунин ҳолатҳо гаҷбандӣ мекунанд, аммо то гирифтани пайванд як-ду моҳ бо гаҷбандӣ хобидан лозим меояд, ки хеле душвор ва тоқатфарсо аст. Мехостам донам, ки барои табобати дасту пойи шикаста ягон давои халқӣ ҳам вуҷуд дорад ё не?

САЛИМАХОН, аз ш. Ҳисор

Барои ба ин саволи хонандаамон посух гирифтан мо ба табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ муроҷиат намудем. Табиби машҳур чунин тавсияҳо доданд:

Пӯчоқи тухми мурғ давост

Барои он ки устухони шикаста зудтар пайваст шавад, пеш аз ҳама устухонро бо калтсиюм таъмин намудан зарур аст. Ин моддаи муфид дар таркиби тухми мурғ фаровон аст. Аввалан, пӯчоқи тухми мурғро дар уғурак нағзакак кӯфта, ҳар рӯз ба миқдори як қошуқчаи чойӣ бо об бихӯред.

Муъҷизаи тухм ва лимӯ

Тухми хонагиро дар зарфи шишагӣ андохта, аз болояш оби як ё ду лимӯро ҷабед. Шираи лимӯ бояд тухмро пур кунад. Шишаро дар ҷойи торик 15 рӯз нигоҳ дошта, баъдан, ба он ду қошуқ асал илова карда, рӯзе чор маротиба ба миқдори як қошуқи чойхӯрӣ аз ин даво истеъмол кунед.

Картошкаи хом муфид аст

Пас аз кушодани гаҷ (гипс) картошкаи хомро аз турбтарошак гузаронида, ба он як қошуқча шакар илова карда, ба поятон бандед, озори зарбхӯрдагӣ ва дардаш ба зудӣ нест мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД