Arzon march 2024
Табобати геморой бо мӯмиё, момирон ва дигар давоҳои халқӣ
23.04.2025
Оила
341

 

Бавосир ё геморой дардест, ки бисёриҳо аз гуфтанаш шарм медоранд, вале табобат накардани он касро ба азоби алим гирифтор месозад. Касоне, ки мубталои ин дард гаштаанд, бояд аз хӯрдани хӯрокҳои бирёнӣ, сахт, дерҳазмшаванда ва тезу тунд худдорӣ намоянд. Тавре ки табиби машҳур Садриддиншоҳ Ҷалолӣ мегӯяд, барои он ки табобати геморой самар диҳад, пеш аз ҳама бояд фаъолияти меъдаро ба танзим даровард ва бо ҳамин васила қабзиятро бартараф намуд. Ин табиби маъруф чанд давои халқиро барои гирифторони ин беморӣ пешниҳод менамояд.

 Табобати геморой бо момирон

Як қошуқ гиёҳи момирон (чистотел)-ро ба термос андохта аз болояш 200 грамм оби ҷӯшидагӣ резед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед чанд соат истад. Пас аз ин гиёҳобро полонда, рӯзе 3 маротиба 50 граммӣ бинӯшед ва боқимондаашро аз берун дар маҳалли бавосир гармбандӣ-компресс намоед. Табобатро бо момирон то пурра шифо ёфтан давом додан лозим аст.

 Табобати геморой бо мӯмиё

Касоне, ки геморой доранд, дар бадали 10 рӯз ҳамарӯза субҳ пеш аз ношто, яъне наҳорӣ ва шом қабл аз хоб мӯмиёро ба анозаи донаи ҷав гирифта дар каме шир ҳал карда бинӯшанд, сипас 3 грамми дигар мӯмиёро бо оби ширгарм омехта намуда, ҳуқна-клизма кунанд, ҳолашон рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.  

 Табобати геморой бо гиёҳҳо

8-10 дона барги мушхорро дар 4 литр об муддате ҷӯшонед ва дар тағора андохта одами геморой доштаро дар дарунаш шинонед. албатта назорат намоед, ки об аз ҳад зиёд ҷӯш ва сӯзон набошад. Шахси бевосир дошта як ҳафта дар оби мушхор шинад, шифо меёбад. 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД