Вақтҳои охир тез-тез ба газаки бачадон гирифтор мешавам. Ягон давои халқие ҳаст, ки газаки бачадонро ба зудӣ шифо бубахшад?
С. У.
Посухи Садридиншоҳ Ҷалолӣ:
- Иммунитети зан суст бошад, микробҳо ба осонӣ ӯро ба газаки бачадон мубтало месозанд. Ман чанд гиёҳи оддиро тавсия медиҳам, ки ин мушкилро ба осонӣ ҳал мекунад.
Барои табобати газаки бачадон
Миқдори баробари гиёҳҳои бӯймодарони маҳинбарг, барги зуф, гули говзабон, ҳамешабаҳор, бодранҷбӯя, гулу барги газнаро нағзакак бо ҳамдигар омехта намоед ва 2 қошуқашро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯш резеду монед ним соат истад. Пас аз ин гиёҳобро полонда, рӯзе се маротиба, ним соат пеш аз хӯрок 100-грамӣ бинӯшед. Асал андозед, боз беҳтар мешавад.
Барои нест кардани «виделение»
Ду қошуқ барги дарахти чормағзро дар ним литр оби ҷӯш як соат дам партофта, сипас соф кунед ва ба василаи обдузд (груша) ба бачадон резед. Ин амалро то пурра нест шудани «виделения» давом додан лозим аст.