Formula novemver 2024
Табобати ЭКО ройгон мешавад?
1070

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) аз давлатҳо барои тавсеаи дастрасии аҳолӣ ба табобати босифат ва арзони безурётӣ чораҳои фавриро интизор аст. Тавре дар гузориши дар ин хусус нашршуда омадааст, дар саросари ҷаҳон бо мушкилии безурётӣ тақрибан 17,5 фоизи калонсолон дучор мешаванд.

«Тақрибан 17,5% аҳолии калонсол, яъне тақрибан аз шаш як нафари он бо безурётӣ дучор мешавад, ки ин бозгӯи ба таври фаврӣ афзоиш додани имконият барои табобати босифати дастрас барои онҳоест, ки ба он эҳтиёҷ доранд», - навиштаанд муаллифони гузориш.

Ба гуфтаи коршиносон, ин нишондиҳандаҳо барои кишварҳои дорои даромади баланд, миёна ва паст муқоисашавандаанд, яъне сухан дар бораи мушкилоти ҷиддии тандурустӣ дар саросари ҷаҳон меравад, на ин ки дар кишвар ё минтақаи алоҳидае.

Дар давлатҳои дорои даромади баланд 17,8% калонсолон ва дар кишварҳои дорои даромади миёна ва паст 16,5% гирифтори безурётӣ мебошанд.

«Ҳисобот ҳақиқати муҳимеро ошкор мекунад: безурётӣ дар байни одамон тафриқа намегузорад»,- гуфтааст директори генералии СУТ Тедрос Адҳаном Гебрейесус. — Далели он ки безурётӣ ба қисми зиёди одамон таъсир мерасонад, шаҳодати зарурати васеъ кардани имконот барои табобат ва таъмини он аст, ки  ин масъала дар таҳқиқоти илмӣ ва сиёсат канор гузошта нашавад».

Дар гузориш гуфта шудааст, ки бо вуҷуди бузургии мушкилот, роҳи ҳалли пешгирӣ, ташхис ва табобати безурётӣ, аз ҷумла фанновариҳои ёрирасони репродуктивӣ, аз қабили бордоркунии экстракорпоралӣ (ЭКО) кам маблағгузорӣ мешавад ва барои бисёриҳо дастрас нест. Ҳоло дар аксари давлатҳо табобати безурётӣ аз кисаи шахсӣ маблағгузорӣ мешавад, ки аксаран ба хароҷоти фалокатовар бурда мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД