Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” ба беморе, ки гирифтори бемории саратони қисми антралии меъда буда, ин ҳолат боиси тангшавии пилорус мегашт ва ба гузариши рӯдаю меъда халал мерасонд, стентгузорӣ дар қисми пилорус (гурдарвоза) ва қисми ибтидоии рӯдаи дувоздаҳангушта - гузаргоҳи пилородуоденалӣ бомуваффақият анҷом дода шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, мудири шуъбаи ташхису табобати маркази номбурда Сорбон Мусоев, ки ҷарроҳии мазкурро гузаронидааст, гуфтааст, дар шуъбаи эндохирургияи Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо бори аввал дар таърихи марказ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Ҷарроҳии мазкур вазъи саломатии беморро беҳтар намуда, ин стенти металлӣ намуди SEMS будаву хусусияти васеъшавӣ дошта, барои гузоштани хӯрок аз меъда ба рӯдаи 12-ангушта мусоидат мекунад.
Ин амалиёти ҷарроҳӣ зери назорати эндоскопия ва рентгеноскопия мутобиқ ба стандартҳои муосири ҷарроҳии каминвазивӣ иҷро гардидааст.
Ба гуфтаи мутахассиси соҳа, стентгузорӣ дар гузаргоҳи пилородуоденалӣ махсусан дар мавридҳои омосҳои амалинашавандаи меъда ва ғадуди зери меъда, инчунин дар ҳолатҳои тангшавии шадиди пайдоиши захмӣ ё чарбшуда, ки кумаки паллиативӣ талаб мекунад, тавсия дода мешавад.