arzon replenishment
Табибони араб тоҷикони нуқсонҳои дил доштаро ҷарроҳӣ мекунанд
200

Як гурӯҳ табибони машҳури дил бо сарварии ҷарроҳи номдори дил, профессор Усмон-ал-Усмон аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, то амалиётҳои мураккаби ҷарроҳии дилро дар беморони тоҷик гузаронанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, сафари гурӯҳи мутахассисони ботаҷриба аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон дар доираи як лоиҳаи башардӯстона, ки аз ҷониби Маркази кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Сулаймони ин кишвар дар ҳамкорӣ бо Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон татбиқ карда мешавад, сурат гирифтааст.

Табибони машҳури араб то 6-уми майи соли 2025 дар Тоҷикистон монда, кӯдакон ва калонсолони ба иллат ва нуқсонҳои дил гирифторро муоина ва ҷарроҳӣ хоҳанд кард.

Дар ин давра анҷом додани 65 амалиёти мураккаби ҷарроҳии дил бо истифода аз технологияҳои навтарини тиббӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар навбати аввал маризоне ҷарроҳӣ карда мешаванд, ки ба нуқсонҳои ҷиддии дил гирифтор буда, ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД