Formula novemver 2024
Табибон сабаби хастагии музминро кашф карданд
972


Олимон сабаби хастагии музмин (хроническая усталость)-ро кашф намуданд. Тибқи натиҷаи як пажӯҳиш, ки пизишкони лаҳистонӣ анҷом додаанд, хастагии музмин, ки хусусан дар пиронсолон ва одамони бо фаъолияти илмӣ машғул буда бештар ба назар мерасад, ба нарасидани витамини D сахт алоқамандӣ доштааст.

Табибон мӯътақиданд, ки норасоии витамини D метавонад боиси хастагӣ ва рӯҳафтодагии инсон гардад.
Бояд гуфт, ки витамини D илтиҳоби мушшакҳо ва осеби ҳуҷайраҳоро коҳиш дода, дар ҳосил шудани серотонин ва дофамин, ки манбаъи хушҳолӣ ва рӯҳияи хуб мебошанд, нақши бузург дорад.

Вақте ки ин витамин дар ҷисми инсон намерасад, худро ҳамеша хаставу ранҷур эҳсос намуда, табъаш гирифта ва аз зиндагӣ мудом норозӣ менамояд.
Табибон ба хулосае омадаанд, ки маҳз кам шудани ана ҳамин витамини муфид дар бадани шахс хастагиро ба вуҷуд меорад.

Барои он ки табъатон болида бошад ва худро пурқувват эҳсос намоед, бештар маҳсулоти дорои витамини D-ро истеъмол кунед.
Витамини D дар ғизоҳои равғанӣ бисёртар буда, он дар бофтаи чарб ҷамъ мешавад. Миқдори зиёди витамини D асосан дар ҳайвонот мавҷуд аст: моҳии равғанӣ, зардии тухм ва маҳсулоти ширӣ.

Ин витамини ҳаётан муҳим аз он чиҳат беназир аст, ки он ягона витаминест, ки дар организм мустакилона зери таъсири нурҳои ултрабунафш аз офтоб ҳосил мешавад. Бояд гуфт, ки витамини D хоса барои кӯдакон хеле муфид ва зарур аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД