Шарифзода Суннатулло Аҳмад, духтури ҷарроҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор дар марҳилаи финалии Озмуни байналмилалии “100 идей для СНГ”, ки рӯзҳои 20-21-уми ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, дар номинатсияи «Медицина и здравоохранения» сазовори ҷойи аввал гардидааст.
Лоиҳаи ӯ - “Разработка и внедрение хирургичексого зажима для фиксации и поднятия матки и придатков” ҳамчун беҳтарин лоиҳа эътироф шуда, Суннатулло Шарифзодаро ба ҳайси ғолиби озмун муаррифӣ намудааст.
Суннатулло Шарифзода изҳор доштааст, ки ин муваффақиятро ба миллати азиз, кормандони соҳаи тиби ҷумҳурӣ ва пешрафти илми тиби тоҷик бахшида, минбаъд низ барои рушду инноватсияи соҳа талош хоҳад кард.