Sebiston new 2024 october
Сюрпризи нави ситораи эстрадаи тоҷик
689


Зулайхо Маҳмадшоева, ситораи пурҷилои тоҷик бо сурудҳои дилнишин ва овози форамаш ба дили миллионҳо нафар роҳ ёфтааст.

Ҳар як клипи нави ин сарояндаи ҷавону пуровоза барои мухлисонаш сюрпризи ҳақиқист.
Рӯзи гузашта ин зебосанами хушовоз таронаи навашро бо номи “Ҷавонӣ” дар ютуб-канали хеш пешкаши мухлисон гардонд. Ҳамагӣ дар тӯли 19 соат зиёда аз 120 ҳазор нафар таронаи ҷадиди Зулайхоро тамошо карда, ба клип баҳои хеле баланд додаанд.

Дар клип-таронаи нави Зулайхо Маҳмадшоева журналисти шинохтаи тоҷик Орзу Исоев, блогерони машҳур Рафаел Гулов ва Сулаймон Сафаров низ иштирок доранд.
Дар бораи ин клип Зулайхо Маҳмадшоева дар саҳифаи инстаграми худ чунин навиштааст:

” Таронаи «Ҳабибӣ» аз кӯдакӣ дар дилам ҷо гирифта буд. Азми бозхонияшро доштам, вале на ба хотири он, ки чизе барои хондан надорам. Маҳз барои он ин таронаро хондам, ки ҳолу ҳавои хуше дорад. Ба зиндагӣ одамро дилгарм мекунад ва ошиқонатар аз аксари таронаҳост. Аслан таронаҳои носурудаам зиёданд ва якоякашонро пешкашатон месозам, аммо ҳоло ин тарона, ки моли овозхони мисрӣ - Амр Диаб аст, бо танзиму таҳияи тоза ва муҳимтар аз ҳама бо забони ноби форсӣ пешкаши шумо мегардад. Умедворам, писандаш мекунед ва ба қадри ҷавониву ҷунун мерасед! Бо дӯстдориҳои зиёд, Зулайхои шумо!»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД