formula
Суруш Холов дар зодрӯзаш аз кӣ дуо гирифт?
1078

Суруш Холов дар зодрӯзаш аз кӣ дуо гирифт?
Дирӯз овозхони ҷавону хушсалиқаи тоҷик Суруш Холов ҷашни милод дошт. Ин ҷавони боодобу ҳунарманд ба синни 35-солагӣ қадам ниҳод.

Суруш Холов 30-августи соли 1988 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Суруш писари калонии ҳунарманди маъруфу маҳбуби тоҷик Исматулло Холов ва бародари бонуи зебои фариштарӯю булбуловоз Нигора Холова буда, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ бо роҳнамоии падар ҳамроҳи хоҳараш қадам ба ҷодаи санъат гузошт.

Аввалин қадамҳои ин бачаҳои боистеъдод хеле устуворона буданд ва номи Сурушу Нигора аз даврони кӯдакӣ вирди забони хурду калон гашта, фарзандони Исматулло Холов фарзанди тамоми мардуми тоҷик гаштанд ва дар дилу дидаи ошиқони ҳунар маъво гирифтанд.

Маъмулан овозхонҳо ва дигар чеҳраҳои машҳур ҷашни зодрӯзашонро дар тарабхонаҳои бошукӯҳ хеле мутантан мегузаронанд, вале тавре ки падари Суруш Холов-ҳунарманди маъруфи тоҷик Исматулло Холов зимни сӯҳбат бо м гуфт:

-Ба хотири риояи қонуни танзим Суруш ҷашни зодрӯзашро дар хонаи худаш бо ҳамсару фарзандн ва аҳли хонавода хеле хоксорона таҷлил кард, зеро ин шабу рӯзҳохеле серкор асту вақти зиёдатӣ надорад.
Исматулло мегӯяд, сари субҳи солеҳон Суруш ба хонаи онҳо омад, то ки дар рӯзи зодрӯзаш аз падару модараш як каф дуои сафед бигирад.

Ёдрас мешавем, ки Суруш Холов оиладор ва соҳиби 3 фарзанд буда, ҳамроҳи аҳли оилааш дар алоҳидагӣ зиндагӣ мекунад. Духтарчаи калониаш Ҳадя 10 сол дошта, дар синфи 3-юми литсейи №3 мехонад, писараш Суҳайб-3 сола буда, фарзанди хурдиаш Судайб ҳанӯз яксола нашудааст. Ҳамсараш хонашин ва ба нигоҳубини фарзандон машғул буда, барои корҳои эҷодии Суруш шароит муҳаё мекунад.

Суруд Холов овозхони оркестри эстрадии “Гулшан”-иМуассисаи Давлатии “Иттиҳодияи Давлатии гурӯҳҳои эҷдию консертӣ”-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буда,ин шабу рӯз хеле серкор аст, зеро омодагиҳо ба Ҷашни Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД