Formula novemver 2024
Сурайё Қосимова: То 18 солагӣ падарамро надида будам!
3895

“Вақте мо хурд будем, падарамон моро бо модарам танҳо гузошта, ба ноҳияи Ванҷ рафтанду дигар барнагаштанд ва модарам чор фарзандро худаш танҳо калон кард.”


Сурайё Қосимова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, модари Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ба “Азия плюс” дар бораи зиндагии хонаводагӣ, вохӯрии авалин бо падараш ва дигар паҳлуҳои фаъолияташ сӯҳбат кард.


“Модарам бисёр санъатро дӯст медошт. Мо 4 фарзандонро ба танҳоӣ ба воя расонид. Вақте мо хурд будем, падарамон моро бо модарам танҳо гузошта, ба ноҳияи Ванҷ рафтанду дигар барнагаштанд ва модарам чор фарзандро ба танҳоӣ калон кард. Дар синни 18 солагӣ бо падарам аввалин маротиба дар ноҳияи Ванҷ вохӯрдам. Бо устодони санъат устод шодравон Одина Ҳошим, Давлатманд Холов, ба сафари хизматӣ рафтем. Вохӯрии авалини мо бо падарам дар ҳавлии падарам шуд. Аз ҳамон вақт рафту омад кардем” гуфт Сурайё Қосимова.
Дар бораи чӣ тавр ба саҳнаи ҳунар қадам монданаш қиса кард, ки ҳануӯз дар синфи якум мехондам, дар чорабиниҳои мактабӣ иштирок мекардам. Дар синни 13 солагӣ ба саҳнаи ҳунар омдааст. Сабаби ба ин роҳ ворид шуданаш Садбарг Қосимова , Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон мебошад.
Сурайё Қосимово, таҳқир ва дашноме, ки атрофи сарояндаҳо пайдо мешавад, онро мусбӣ қабул карда, чунин овозаҳоро будани сароянда дар миёни халқ унвон кард. Фикр намекардам, ки бори дигар хушбахт мешавам. Вақте дар зиндагӣ якдигарфаҳмӣ аст, тамоми чизи дунёро доро ҳастӣ. Шавҳарам инсони хуб аст ва зиндгаим бисёр нағз аст. Хушбахтии худро ба тамоми занҳо хоҳонам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД