arzon replenishment
Сурайё Қосимова мастоба мепазад
1789

 

Примадонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимова натанҳо дар санъати овозхонӣ, балки дар ҳунари кадбонугӣ низ ҳамто надорад.

Ин зани панҷ панҷааш ҳунар тарзи пухтани мастобаро ба мо нақл кард. Ин таоми миллӣ бисёр болаззат буда, барои рӯзадорон роҳати ҷон аст.

Мехоҳед мазаи мастобаи Сурайёро чашед? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Маҳсулоти лозима:

108г гӯшти гӯсфанд

равғани гӯсфанд

30г биринҷ

100г картошка

25г сабзӣ

24г пиёз

30г шалғам

помидор

кабутӣ

чакка

Тарзи таҳия:

Гӯштро пора карда, дар равғани тасфон сурх кунед, сипас пиёз, сабзӣ ва шалғами чоркунҷа резашударо андохта дар оташи паст зирбонед. Ба дег помидор ё қайлаи помидор андохта боз 5 дақиқа бирён кунеду баъдан ба зирбак об резед. Пас аз ҷӯшиданаш биринҷи шустаро андозед. 15-20 дақиқа қабл аз пухтани мастоба ба он картошкаи чоркунҷа резашударо андохта, намаку мурч пошед. Мастобаро бо чакка истеъмол намоед, бомазатар мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Гулдона 2019-06-02, 00:28
ТОБА...Ретсепи мастовара хонда ай хандара мурдм.... 108 грамм гушт.... Бахудо айбайе.... я чи нависен ки ростда монанд боша.. .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Гулдона 2019-06-02, 00:28
ТОБА...Ретсепи мастовара хонда ай хандара мурдм.... 108 грамм гушт.... Бахудо айбайе.... я чи нависен ки ростда монанд боша.. .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД