arzon replenishment
Суннатро дар сафар хонам, убол аст?
1447

 

Мехостам сари масъалаи ракатҳои суннати намози дар сафар як нуқтаро дақиқ кунам. Оё мо дар сафар суннатҳоро бигузорем ё не?

Як гурӯҳ соҳибкорон.

Ҷавоб:

Намозҳои суннат низ фармудаи Худованд ҳастанд, зеро ҷумлаи гуфтору кирдори Расули Худо (с) аст. Худованд Расули худро чунин васф мекунад: “Ва сухан аз хоҳиши нафс намегӯяд. Нест гуфтораш, магар ваҳй, ки ба ӯ фиристода мешавад”. (Сураи “Наҷм”, ояти 3-4) Ҳазрати Пайғамбар (с) намозҳои суннатро дар ҳама ҳол хондаанд, хоҳ дар сафар бошад, хоҳ дар ҳазар (хона), фақат дар ҳолати зарурат онро тарк намуданд. (“Сунан”-и Тирмизӣ, ҷ. 2, с. 435)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД