Рамзи асосии Наврӯз суманак буда, ин ширинии лазиз зебу зиннати дастурхони наврӯзӣ мебошад, вале на ҳамаи бонувон тарзи пухтани онро медонанд. Ба хотири кумак ба хонумҳо имрӯз мо дар бораи тарзи дурусти пухтани суманак маълумот медиҳем.
Маҳсулоти лозима:
Гандум – 5 кг
Об – 1 литр
Орд – 3 кг
Чормағз – 7 дона
Равғани растанӣ – 1 истакон
Тарзи таҳия
Гандумро як шабонарӯз дар об тар карда, баъдан обашро рехта дар ягон ҷойи гармак нигоҳ доред, то ки неш занад. Баъди ду-се рӯз гандумҳои нешзадаро дар рӯйи лаълӣ тунук карда, болои онро бо дока мепӯшонанд. Дар давоми 5-6 рӯз гандум реша давонда, алафаш сабз мешавад. Ҳар қадар реша зиёд бошад, ҳамон андоза суманак болаззат мешавад. Кӯшиш кунед, ки сабзаи суманак аз ҳад баланд нашавад, вагарна талх мешавад.
Гандуми нешзадаро дар ӯғурча нағзакак кӯфта, баъд ба корсон меандозед ва ба болояш об рехта, шираи онро дар зарфи алоҳида мегиред. Оби сафеди ширмонанд ҳосил мешавад.
Барои пухтани суманак деги калонеро интихоб кунед. Аввал ба дег каме равғани растанӣ, пасон, оби гандумро рехта, орди бехташударо кам-кам ба он илова намуда, нағзакак лат занед, то ки орд кулӯла нашавад. Ба 5 кг гандум 3 кг орд андохтан лозим аст. Ҳангоми пухтан дегро тез-тез кофта истодан лозим аст, то ки тагаш нагирад. Ба деги суманак 7 дона чормағз андохтанро фаромӯш накунед. Дар хотир доред, ки то пухта расидани суманак 5 ё 7 маротиба ба он оби ҷӯш рехтан лозим аст. Обро ҳангоми ғафс шудани суманак мерезанд, то ҳалво барин ғафс шуда начаспад.
Пухтани суманак бисёр кори душвор аст, чунки он дар як шабонарӯз мепазад. Пас аз пухтанаш суманакро ба аҳли оила, хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо бо нияти неки сиҳату саломат ба соли нави дигар расидан тақсим мекунанд.