arzon replenishment
Суханҳои бад одамро ба саратон гирифтор карда метавонанд?
27.04.2025
Oila.tj
498

Кам гап заданро омӯзед. Калима ва андеша ба ҳаёти мо таъсиррасонанд. Гапҳои бемаъниву зиёдатӣ неруи инсонро барабас сарф мекунанд, хусусан гапҳое, ки бо эҳсосот гуфта мешаванд.

Ҳангоме, дар ҳаёти шумо чизе мегузарад, як корро таҷриба кунед – агарчи бетоқат ҳам шавед, ба касе буруз надиҳед. Чӣ коре шавад, дар худ нигоҳ доред, вақте шумо кори шударо ба касе намегӯед, дар ботинатон шумо потенсиали ба вуқуъ омадани ин корро пайдо мекунед. Вақте шуморо ба гуфтану суҳбат кардан дар бораи нақшаву зиндагии худ водор мекунанд, оромиро нигоҳ дошта, эҳсосотатонро идора кунед, нагузоред, ки бо он шуморо идора кунанду ба эҳсосоти ғайр ҷалб созанд.

Инро атрофиён ҳатто эҳсос мекунанд, ки дар иҳотаи қувваву асроре қарор меёбед, дар асл бошад, шумо танҳо мақсаду ҳадафу нақшаҳоятонро дар худ нигоҳ дошта, онро барои амалӣ шудан мемонед, на ба ҳарзагӯйиву лақ-лақи беҳуда масраф мекунед.  

Сухану андеша ба ҳаёти мо таъсир мерасонад.

ДНК-аи инсон суханро дарк мекунад.

Олимон ба натиҷаи ҳайратангез омаданд: ДНК-и инсон сухани одамро мефаҳмад. Ба қавле “гӯшҳо”-и он маҳз барои қапидани лаппишҳои садо мутобиқ гардонда шудаанд. Масалан, Пушкин боре ба ҳамсараш навишта буд, ки: “Рӯҳи худро бо мутолиаи романҳои фаронсавӣ ифлос макун”.

Аз ин ҷост, ки дар дини мо низ, мутолиаи ҳар гуна маводҳои рӯҳшикану ҳарзагӯйӣ, гӯш кардани сурудҳои фаҳшу бемаънӣ манъ ва ё ҳушдор карда мешавад. Шояд, мардуми ба қавле замонавӣ инро бо тамасхур, ё нобоварӣ қабул кунанд, аммо илман исбот шудааст, ки молекулаҳои ирсиятӣ инчунин иттилооти савтиётиву равшаниро низ, қабул мекунанд: хондани бо хуфу, яъне дар ботин, то ба ҳаста – ядрои ҳуҷайра тавассути шабакаҳои электромагнитӣ рафта мерасад. Як матн зурриётро табобат кунад, дигараш захмдор мекунад. Мисоли оддӣ – гӯш кардани оятҳои Қуръонӣ ва шунидани дашном: яке оромиву табобат бахшад, дигарӣ дар дил захм монда, ба хашму ғазаб меорад.

Суханони ниёишӣ, дуоҳо имкониятҳои захиравии дастгоҳи генетикиро бедор мегардонанд. Лаънату дашном мавҷҳои рӯҳу асаби инсонро хароб карда, рушди муътадили организму узвҳои одамро халалдор мекунад.

Доктори илмҳои биологӣ – Петр Горяев ақида дошт, ки тавассути сухану андешаҳо инсон дастгоҳи генетикии худро обод мекунад. Мисол, фарзанди аз волидони дашномдеҳу беодоб барномаи махсусро гирифтагӣ аст, ҳатман ба ҳақорату дашном ва бетартибӣ роҳ медиҳад, ба ҳамин минвол худ ва атрофи худро, чӣ аз лиҳози иҷтимоӣ ва чӣ аз лиҳози равонӣ хароб мегардонад. Ва ин аз авлод ба авлод идома меёбад.

Аз ин мебарояд, барои дастгоҳи генетикӣ тамоман фарқ надорад, дар бораи чӣ мо фикр мекунем, кадом китобҳоро мехонем. Ҳама чиз дар мавҷҳои геном, яъне барномаи мавҷҳои генетикӣ сабт мешавад, ки метавонад барномаи ҳар як ҳуҷайра ва ирсиятро иваз кунад. Яъне, сухан метавонад одамро ҳам ба саратон мубтало гардонаду ҳам табобат кунад. Ба хотир оваред, бузургони мо мегуфтанд, ки бо сухан беморро табобат кардан мумкин аст. Илова бар ин, ба ДНК фарқ надорад, ки шумо бо инсони зинда муошират доред, ё телевизор тамошо карда истодаед.

Тавре мардуми мо мегӯянд, сухани хуб ними давлат, яъне аллакай бо нияти неку сухани хуб, мо барномаи амалишавии амалҳои хубро дар ҳаётамон оғоз мебахшем

Дар баробари ин, инсонро дашному ҳақорат, ё сарзаниш, ва ё дуои бад карда, бо суханони қабеҳу дурушт муроҷиат кунем, ин ҳам ба инсон таъсир мерасонад. Барои ҳамин, маҳз падару модарон, хусусан модаронро дар Ислом ҳушдор додаанд, ки фарзандони худро дуои бад накунанд, бо сухани қабеҳ нахонанд. Ин ба ҳамаи одамон дахл дорад, зеро ҳақорату дашному дуои бад, ҳам ба гӯяндаи он таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рӯ, пеш аз оне, ки касеро дашном, ё дуои бад мекунед, истода андеша намоед, оё месазад, то худ ва каси дигарро ба чунин харобиву вайроншавӣ дучор созем?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД