Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2024 аз ҷониби судҳо дар маҷмуъ 169614 адад парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро баррасӣ карда шудаанд, ки нисбат ба соли 2023-юм 31664 адад зиёд мебошад.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии Тоҷикистон Рустам Мирзозода маълумот дод.
Инчунин, зикр гардид, ки “аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида 13326 адад парвандаҳои маданӣ, 46063 адад парвандаҳои оилавӣ, 12036 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 75379 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 8255 дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва 6995 адад пешниҳодҳои сохтору мақомоти дахлдор мебошанд”.