Суди шаҳри Кӯлоб се нафарро дар куштори размкори тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев гунаҳкор намуда, ба муҳлати аз 3 то 13 сол равонаи зиндон намудааст.
Размкори ҷавон ва умедбахши тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев шаби 11-уми январи соли равон зимни муноқиша дар як тарабхонаи шаҳри Кӯлоб бо корд захмӣ шуда, ҷон дода буд.
Дар робита ба ин ҳодисаи нохуш сокини 19-солаи шаҳри Кӯлоб Сулаймон Одинаев ба ҳайси гумонбари асосии куштор ва боз 5 ҷавони дигар бо ҷурми авбошӣ ва иштирок дар занозанӣ боздошт шуданд.
Пас аз тафтишоти ин парвандаи пурсарусадо суд Сулаймон Одинаевро дар куштори Муҳаммадалӣ Саъдуллоев муттаҳам донист ва ба муҳлати 13 сол равонаи зиндон кард. Ду иштирокчии дигари муноқишаи хунин - Маҳмуд Набиев ва Муҳаммадҷони Зайниддин ба муҳлати аз 3 то 5 солу 2 моҳ аз азодӣ маҳрум гаштаанд. Маҳмуд Набиев барои авбошӣ бо ҳукми суд ба муддати 3 сол зиндонӣ шуда, ҷазоро дар маҳбаси низомаш пурзӯр адо мекунад. Муҳаммадҷони Зайниддинро бошад, суд ба муҳлати 5 солу ду моҳ равонаи зиндон намудааст.