Sebiston new 2024 october
Суди олӣ ҷазои хушдомани Манораро кам кард, вале...
949


Суди Олии Тоҷикистон мӯҳлати ҷазои занеро, ки барои ба худкушӣ расонидани келинаш ба 7 соли зидон маҳкум гашта буд, кам кард, вале ҷониби ҷардида бо ин ҳукм розӣ нестанд...

Додгоҳи олии кишвар ҳукми суди ноҳияи Файзободро нисбат ба Бибикалон Назирова бозбинӣ намуда, мӯҳлати адои ҷазоро 2 сол кам кард.
Ёдрас мешавем, ки аввалҳои моҳи ноябр Назирова аз ҷониби суд дар марги келинаш Манораи Абдуфаттоҳ гунаҳкор дониста шуда буд.

Суди ноҳияи Файзобод бибикалон Назироваро барои ба худкушӣ расонидани арӯси хонавода ба 7 соли зиндон маҳкум намуд, вале...
Ҷисми беҷони Манораро соли гузашта бо 26 захми корд аз манзили иҷорааш пайдо карданд, аммо мақомот баъди анҷоми тафтишот марги фоҷиавии ин занро худкушӣ унвон намуданд.
Дар асоси арзу шикоятҳои пай дар пайи пайвандони Манораи ноком билохира модаршӯяш Бибикалон Назироваро дар марги ҷавонзани ормонӣ гунаҳкор дониста, ба ҷавобгарӣ кашиданд. Назирова дар рафти тафтишот гуноҳашро қисман ба гардан гирифта гуфтааст, ки дар ҳақиқат байни ӯ ва марҳум келинаш баъзан нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷол сар мезад, вале ин муноқишаҳои кӯчаки оилавӣ боиси даст ба худкушӣ задани арӯси хонавода гашта наметавонистанд.

Адвокати Бибикалон Назирова дар рафти мурофиа аз суд хоҳиш кардааст, ки моддаи парвандаро иваз намоянд, то барои нисбати Назирова татбиқ намудани қонуни авф имконият пайдо шавад, вале прокурор, ҷониби ҷабрдида ва адвокати онҳо ба ин дархости адвокати Назирова зид баромадаанд.
Ҳамин тавр санаи 1-уми ноябр бо ҳукми суди ноҳияи Файзобод Бибикалон Назирова барои ба худкушӣ расонидани келинаш Манораи Абдуфаттоҳ ба 7 соли зиндон маҳкум карда шуд, аммо...
Суди Олии Тоҷикиситон дар асоси шикояти ҷониби маҳкумшуда ин масъаларо бозбинӣ намуда, мӯҳлати ҷазои Бибикалон Назироваро то 2 сол кам кард.
Волидону пайвандони Манораи ноком бо ҳукми додгоҳи олӣ розӣ нестанд. Тавре ки Азия-плюс менависад, замони зинда буданаш Манора чанд маротиба аз хушдоман ва хоҳаршӯяш шиква намуда гуфтааст, ки модару хоҳари шавҳараш ӯро ҳамеша азобу азият медиҳанд ва нисбаташ муносиати бераҳмона доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД