Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳодиса субҳи 14-уми сентябр дар ноҳияи Ҷабор Расулов рух додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, бо сабабҳои номаълум дар манзили Меҳроҷ Самадов балони газ кафидааст. Як бошандаи 13-солаи ин хона ҷароҳат бардоштааст ва ба гуфтаи мақомот, феълан зери назорати пизишкон аст.
Мақомот гуфтаанд, ки сабаби таркиши газро муайян мекунанд.