Arzon march 2024
Суғд: Ҳаракати нақлиёт маҳдуд мешавад
459

Дар робита ба сафари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз 5-ум то 8-уми июл, дар бархе аз роҳҳои вилоят ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад. Дар ин хусус БДА-и вилояти Суғд хабар дод.

Аз ҷумла, рӯзи 5 июл роҳи автомобилгарди Айнӣ - Панҷакент, кӯчаҳои марказии ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, шаҳраки Суғдиён то деҳаи Филмандари шаҳри Панҷакент ва 6 июл кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ - Рифъат Ҳоҷиев – 25-солаги Истиқлолият - Султон Умаров - Сирдарё то тавалудхонаи шаҳри Хуҷанд, давраи Ором, ҷамоати Дадобой Холматов то шаҳри Гулистон баста хоҳанд шуд.

Инчунин, рӯзи 7 июл кӯчаҳои марказии ноҳияи Масчоҳ, ҷамоатҳои Навбунёд, Полдорак, Оббурдон то деҳаи Масчоҳи ноҳияи Масчоҳ ва 8 июл кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон - роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои Гагарин - Бобоҷон Ғафуров то маҳаллаи Нави шаҳри Бӯстон, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ - Солеҳ Раҷабов ва Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд баста мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД