Субҳон Шодиев, ки қаблан дар вазифаи муовини директори генералии лига кор мекард, директори генералии нави Лигаи футболи Тоҷикистон таъйин шуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Субҳон Шодиев дар мувофиқа бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон директори генералии ЛФТ таъйин шудааст.
Роҳбари қаблии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, ки дар Конгресси охири ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон ноиби президенти ФФТ интихоб шуд, акнун кори ЛФТ-ро назорат хоҳад кард.
Дар ҷаласаи Конгресси охири ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо ноиби якуми президенти ФФТ интихоб гардида, Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов ноибони президенти Федератсияи футболи кишвар интихоб шудаанд.