Имрӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи дониш” ва дарси сулҳ бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд.
Баъди ин, Сарвари давлат дар бинои мазкур бо омӯзгорону донишҷӯён мулоқоти самимӣ доир намуда, ба истифода супоридани бинои хуштарҳи муосирро ба онҳо таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида дар ин боргоҳи таълимӣ ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Роҳбари кишвар аз мушкили асри муосир ёдовар шуда, гуфтанд, дар шароити кунунӣ низоми маорифи миллии мо дар заминаи суннату анъанаҳои деринаи маърифатпарварии халқамон ва дастоварду комёбиҳои сиёсиву иҷтимоии давлати соҳибистиқлол ташаккул ёфта, тайи беш аз се даҳсола дар раванди рушди ҳамаҷониба ва босуботи ҷомеа нақши басо арзишманд бозида истодааст.
“Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз медорам, ки маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Яъне сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, аҳли маорифи кишвар ва устодону омӯзгорон содиқона ҷонибдорӣ карда, барои тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат ва раванди рушди босубот саҳми назарраси худро гузоштанд ва гузошта истодаанд. Аз ин лиҳоз, ман ба кормандони соҳаи илму маориф ва устодону омӯзгорон сидқан миннатдориву сипос мегӯям”, - бо ифтихор таъкид карданд Сарвари давлат.
Дар анҷоми мулоқот суҳбати самимии донишҷӯёну устодони муассисаҳои олии кишвар бо Сарвари давлат доир гардид.