Сомон Маҳмадбеков, Мадина Қурбонзода ва боз 15 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam рақобат мекунанд
18.02.2026
Фирӯза
31

Сомон Маҳмадбеков, Мадина Қурбонзода ва боз 15 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam рақобат мекунанд

Аз 27-уми феврал то 1-уми марти соли 2026 дар шаҳри Тошканди Узбекистон мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”баргузор гашта, дар он 17 ҷудокори тоҷик ҳунару маҳорати худро нишон медиҳанд.

Аз 17 варзишгари маъруфе, ки шарафи варзишии Тоҷикистонро дар Tashkent Grand Slam 2026 ҳимоя хоҳанд кард, 13 нафарашон мард ва 4 нафар занон мебошанд.
Тибқи иттилоъи Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи мазкур ҳудуди 400 ҷудокор аз 41 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дар мусобиқоти Tashkent Grand Slam 2026 инҳо муаррифӣ менамоянд:
🔻Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов ҳарду дар вазни то 60 кг;
🔻Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов ҳарду дар вазни то 66 кг;
🔻Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф ҳарду дар вазни то 73 кг;
🔻Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев ҳарду дар вазни то 81 кг;
🔻Умар Расулов, Музамир Каримзода ҳарду дар вазни то 90 кг;
🔻Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов ҳарду дар вазни то 100 кг;
🔻Некрӯзшоҳ Некбахтзода дар вазни +100 кг;
🔻Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг;
🔻Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг;
🔻Александра Кан дар вазни то 57 кг;
🔻Виктория Киселёва дар вазни +78 кг;

Гуфта шудааст, ки ғолибони мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд дар баробари медал, соҳиби имтиёз дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо ва ҷоизаҳои молӣ мегарданд.

💸Барандаҳои медали тилло дар ҳар як вазн 5000 евро, ҷойҳои дуюм 3000 евро ва зинаҳои сеюм 1500-евроӣ ба даст меоранд.

Ҷудокорони тоҷик соли гузашта аз ин мусобиқа медал гирифта натавониста буданд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД