Баром Ширкат ин чорабинии анъанавӣ буда, мукофотонидани беҳтарин варзишгарони кишварро идома медиҳад.
Мо ифтихор дорем, ки Сомон Маҳмадбеков бо пирӯзиҳои шоистааш дар сабқатҳои байналмилалӣ ба вижа дар Бозиҳои Олимпии Париж муарртфгари давлату миллат шуд ва мо ӯро барои «Беҳтарин варзишгари соли 2024» аз рӯи фарзияи FORMULA55 табрик мегӯем!
FORMULA55 пайваста варзишгарони маъруфи Тоҷикистонро барои расидан ба дастовардҳои арзанда ва саҳмгузорӣ дар рушди варзиш қадрдонӣ мекунад.
Аз соли 2010 инҷониб FORMULA55 ҳамасола беҳтарин варзишгарони кишварро барои дастовардҳои барҷастаашон интихоб намуда, бо мукофот қадрдонӣ мекунад. Аз ҷумла: Тимур Раҳимов, Баҳодур Усмонов, Хушқадам Хусравов, Комроншоҳ Устопириён, Дилшод Восиев, Ифтихор Арбобов, Мавзуна Чориева, Расул Боқиев, инчунин дукарат Акмалиддин Каримов ва барандаи секаратаи унвони «Беҳтарин варзишгари сол» Дилшод Назаров ба ин ҷоизаи Ширкат сарфароз дониста шудаанд.
Ҳамин тавр Сомон, ки барои дувумин бор "Беҳтарин варзишгари сол" аз рӯи фарзияи FORMULA55 эълон шудааст, аз дастовардҳои барҷастаи варзишӣ ва заҳмати беандозаи ӯ шаҳодат медиҳад.
Дзюдочии боистеъдод Сомон Маҳмадбеков дар арсаи байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон дода, бори дигар сазовори ин ҷоизаи олӣ гардид. Медалҳои биринҷии ӯ дар Бозиҳои олимпии соли 2024 ва қаҳрамонии ҷаҳон далели равшани ин гуфтаҳост.
Сомон намунаи ибрат барои ҳазорон навраси тоҷик мебошад.