Formula novemver 2024
Соли аждари сабз ба кӣ хушбахтӣ меораду киро сарватманд месозад?
1958

 

Муш (1948, 1960, 1972, 1984, 1996, 2008)

Нафароне, ки дар соли муш тавлид ёфтаанд, соли 2024 пулдор мешаванд. Муҳим он аст, ки пулҳои худро дуруст сарф карда, ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳед. Иродаи қавиятон муҷиби пешравиҳои зиёд гардида, натиҷаи заҳматҳои худро мебинед. Қарорҳои дар ин сол кашидаатон ба сарнавишти шумо бе таъсир намемонад. Имкони тағйир додани зиндагии худро аз даст надиҳед.

Бақар (1949, 1961, 1973, 1985, 1997, 2009)

Дар соли нав ҳар он чизе дилатон мехоҳад, бе ягон кӯшишу талоши зиёд ба даст меоред. Ҳам дар ҷодаи муҳаббату ҳам дар касбу кор муваффақият насибатон мегардад. Ягона амале, ки дар соли нав саломатиатонро мустаҳкам месозад, ин нигоҳ доштани оромӣ ва ба фишори руҳӣ гирифтор нашудан аст.

Паланг (1950, 1962, 1974, 1986, 1998, 2010)

 

Зодагони соли палангро лозим аст аз ҳолатҳои изтиробомезе, ки садди роҳи расидан ба орзуҳояшон мегарданд, берун шуданро омӯзанд. Дар соли нав гоҳе мурғи иқбол ба китфатон мешинаду гоҳи дигар ноумедатон мекунад. Ҳар ғалату камбудии худро дурандешона қабул карданатон лозим аст. Танҳо дар ҳамин сурат муваффақ мегардед.

Харгӯш (1951, 1963, 1975, 1987, 1999, 2011)

 

Агар дар соли харгӯш таваллуд шуда бошед, ҳамеша ва дар ҳама кор ба таваккал кардан омода бошед. Барои ин ҷасоратро аз даст надиҳед. Давоми сол бо сабабҳои гуногун чандин маротиба нақшаҳоятон тағйир меёбанд. Барои беҳтар гаштани вазъи зиндагиятон бештар омӯзеду камбудиҳои худро ислоҳ намоед.

Наҳанг (1940, 1952, 1964, 1976, 1988, 2000, 2012)

 

Бо вуҷуди он ки имсол соли наҳанг аст, ҳушёриро аз даст надиҳед. Ҳамеша ба вазъиятҳои фавқуллода омода бошед. Якравӣ ва ғурури нозарурро аз худ дур созеду нисбати атрофиён меҳрубон бошед. Маҳз бо шарофати раҳмдилӣ ва ғамхорӣ нисбати дигарон дар ҳама кор бахту барор насибатон мегардад.

Мор (1941, 1953, 1965, 1977, 1989, 2001, 2013)

 

Чӣ гуна сипарӣ гаштани сол танҳо аз худатон вобастагӣ дорад. Барои он ки бахту барор аз шумо нагурезад, нигоҳи худро ба зиндагӣ тағйир диҳед. Аз тағйиротҳое, ки дар зиндагиатон рух медиҳад, натарсед. Беҳтараш ба ҳама гуна навгонӣ созиш карданро омӯзед.

Асп (1942, 1954, 1966, 1978, 1990, 2002, 2014)

 

Соли 2024 зодагони соли аспро лозим аст, ки чӣ гуна сипарӣ намудани вақти худро ба нақша гиранд. Бо корҳое, ки ба шумо ягон манфиату фоида намеоранд, машғул нашавед. Табъи дили худ амал намуда, орзуҳои худро канор нагузоред, танҳо дар ҳамин ҳолат аз вақти зоеърафта пушаймон намешавед.

Гӯсфанд (1943, 1955, 1967, 1979, 1991, 2003, 2015)

 

Соли 2024 ба шумову хонадонатон бахту барор ва файзу баракат меорад. Тамоми кӯшишу талошҳоятон билохира натиҷа медиҳанд, аксари орзуҳоятон амалӣ мешаванд. Бар ивази сабру таҳаммул туҳфаҳои тақдир насибатон мегардад. Нобарориҳои ба саратон омада мувақатиянд.

Ҳамдуна (1944, 1956, 1968, 1980, 1992, 2004, 2016)

 

Соли нав барои зодагони соли ҳамдуна каме душвор бошад ҳам, бо устувориву матонат ҳама мушкилиҳоро рафъ месозед. Ба нобарориҳо сар нафароред. Ҳамеша ва дар ҳама кор ба худ эътимод дошта бошед. Барои он ки дигарон аз қобилиятҳои беназири шумо қоил шаванд, сараввал ба ҷасорат доштани худ бовар ҳосил намоед.

Мурғ (1945, 1957, 1969, 1981, 1993, 2005)

 

Барои зодагони соли мурғ соли наҳанг бобарор меояд. Фаъолияти худро дигар намоед, забон омӯзед, касб аз худ намоед, дар ин сол бахту барор ҳамсафари шумо аст. Дар касбу кор ва таҳсил тағйиротҳои мусбиро интизор шавед, вале барои ҳаёти шахсӣ низ вақт ҷудо карданро фаромӯш насозед.

Саг (1946, 1958, 1970, 1982, 1994, 2006)

 

Барои афроде, ки дар соли саг тавлид ёфтаанд, соли наҳанг оромиву субот меорад. Акнун метавонед ғаму мушкилиҳои ба саратон омадаро фаромӯш созед. Вақти худро ба коре сарф кунед, ки шуморо хушҳол месозанду нерӯ мебахшанд. Дар соли нав шиносоиҳои гувороро интизор бошед.

Хубон (1947, 1959, 1971, 1983, 1995, 2007)

 

Соли 2024 дар касбу кор, муносибатҳои ошиқона, рушди шахсият имкониятҳои зиёд пайдо мекунед. Орзуву ниятҳои чандинсолаатон амалӣ мешаванд. Аз имкониятҳое, ки тақдир фароҳам меорад ва аз кӯмаки наздикон рӯ натобед. Ҳамеша нияти нек кунед ва бахту барор насибатон мегардад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД