Formula novemver 2024
Соли 2025: 17 довар аз Тоҷикистон дар рӯйхати доварони ФИФА
295

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхати доваронеро, ки дар соли 2025 дар бозиҳои байналмилалӣ ҳакамӣ мекунанд, нашр намудааст.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, шумораи квотаи ҳакамони Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта аз 14 ба 17 нафар афзоиш ёфтааст. Ба рӯйхати доварони байналмилалӣ аз Тоҷикистон 17 довар - 6 довари ФИФА, 8 ёвари довари ФИФА ва ду довари футзали ФИФА шомиланд. Ду довар - сокинони шаҳри Душанбе Гулмуроди Саъдулло ва Зуҳал Хуҷаназарова, ки ба рӯйхати видеодовари ФИФА шомил шудаанд, ҳаққи доварӣ дар бозиҳои байналмилалиро ҳамчун VAR пайдо кардаанд.

Доварони ФИФА: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе), Насрулло Кабиров (Норак), Сайёҷон Зайниддинов (Душанбе), Абдулло Давлатов (Шаҳринав), Амирҷон Хоркашев (Душанбе), Нодира Мирзоева (Душанбе).

Ёварони доварони ФИФА: Акмал Буриев (Турсунзода), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), Ҳасан Каримов (Норак), Вафо Қараев (Шаҳринав), Фарҳод Куралов (Душанбе), Исмоил Нуралиев (Норак), Ғайрат Рузибоев (Шаҳринав), Дилшода Раҳмонова (Душанбе).

Доварони ФИФА оид ба футзал: Суҳроб Сатторов (Турсунзода), Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе).

Видеодовар: Зуҳал Хуҷаназарова (Душанбе).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД